Sebiston new 2024 october
Сайдализода: Ба 1147 оилаи эҳтиёҷманд маълумотнома дода шуд
443

Садриддин Сайдализода, муовини раиси ноҳияи Данғара, дирӯз зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар, гуфт, мардуми созандаву бунёдкори ноҳия дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд.

Тибқи иттилои мавсуф, иҷрои нақшаи даромади буҷҷа бо дарназардошти андози ғайрибуҷетӣ бо андозаи 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 111 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 30, 5 фоиз ва нисбат ба соли гузашта 19, 9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

“Ҳамзамон, дар доираи идомаи корҳои ободонӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ 2, 8 километр роҳҳои маҳаллии ноҳия мумфарш карда шуд, ки дар маҷмуъ 1, 3 млн. сомониро ташкил медиҳанд”, - гуфт муовини раиси ноҳия.

Зикр шуд, ки барои баланд бардоштани дониши хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, толибилмон дар таътили тобистона ба лагерҳои истироҳатӣ фиристода мешаванд. Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз олимпиадаҳои фаннӣ ҷумҳуриявӣ 161 ҷойи намоён овардаанд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 1147 оилаи эҳтиёҷманд маълумотнома дода шудааст, ки тибқи он онҳо метавонанд ройгон дар донишгоҳҳо таълим гиранд ва ё ба табобат фаро гирифта шаванд.

“Барои сазовор ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти дорои таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 41-тои он бо маблағи 160 млн. сомонӣ аллакай сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 61 иншооти дигар идома дошта, 38 иншоот дар ҳамин сол ба истифода дода мешаванд”, - гуфт Садриддин Сайдализода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД