Муштариёни азизи сомонаи Оила.ТЧ!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии моҳи пурфайзи зуҳиҷҷа муборакбод мегӯем.Аз назари дини мубини ислом ин моҳ аз зумраи моҳҳои хеле муборак ба шумор рафта, Худованд дар ин моҳ хайру савоби зиёдеро ба бандагонаш насиб мегардонад, аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи фазилатҳои ин моҳи пурфайз бароятон каме маълумот диҳем.
Даҳаи аввали пеш аз ид
Тавре ки гуфтем, моҳи зулҳиҷҷа аз зумраи моҳҳои хоси исломӣ ба шумор меравад ва ҳар як даҳаи он фазилатҳои худро дорад. Дар бораи фазилатҳои даҳаи аввали моҳи зулҷиҳҳа ривоят у тафсирҳои зиёде вуҷуд доранд. Аз ҷумла аз Ибни Умар (р) ривоятаст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳеҷ айёме нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин айёми даҳгона (даҳаи аввали моҳи зулҳиҷҷа) бошад, пас дар ин рўзҳо таҳлил (Лоилоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамдулиллоҳ) бисёр бигўед». (Ривояти Аҳмад).
Моҳи Зулҳиҷҷа аз кай оғоз шуд?
Имсол оғози моҳи мубораки Зилҳиҷҷа мутобиқи тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба рўзи панҷшанбе 30-юми июн рост омада, рӯзи 8-уми июл рӯзи Арафа ва иди Қурбон рӯзи шанбе 9-уми июл аст.
Даҳ рӯзи оғози ин моҳи муборак беҳтарин рӯзҳои сол ба шумор мераванд. Амалҳои солеҳ дар ин даҳа дорои фазилатҳои бешумор аст. Дар даҳаи аввали моҳи зулҳиҷҷа махсусан рӯза доштан, Қуръон хондан, зикр кардан, садақа додан аҷру подоши зиёде дорад. Аллоҳ файзу баракати худро дар даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа қарор додааст ва ин рӯзҳо аз зумраи беҳтарин рӯзҳои тамоми сол мебошанд. Чунонки Расули акрам (с) фармудаанд:
“Беҳтарин рӯзҳои дунё ин даҳаи Зулҳиҷҷа аст” (Ривояти Баззор ва Ибни Ҳиббон)
Савоби рӯзадорӣ дар моҳи зулҳиҷҷа
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (раҳ) дар Фатҳулборӣ мефармояд: “Ончи дар фазилат ва бартарии рӯзҳои Зилҳиҷҷа намоён аст, ин ҷамъ шудани тамоми ибодот дар ин айём аст. Яъне, намоз, рӯза, ҳаҷ, садақа, қурбонӣ, ки дар ҳеҷ як аз рӯзҳои дигари сол чунин дида намешавад. Шахсоне, ки тавоноӣ дошта бошанд, ҳамаи ин нуҳ рӯз рӯза бигиранд, агар наметавонанд, пас рўзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза бигиранд. Ба ин ҳам имкон надошта бошанд, рӯзҳои 7-ум, 8-умва 9-уми ин моҳ рӯза бидоранд. Мабодо ин ҳам барояшон муяссар нашуд, пас рӯзи Арафа, ки мутобиқ ба рӯзи 8-уми июл аст, рӯза бигиранд. Расули акрам (с) фармудаанд: “Савоби рӯзаи рӯзи Арафаро ингуна мепиндорам, ки каффорати (аз байн барандаи) гуноҳони соли қабл ва соли баъд бошад” (Ривояти Имом Муслим).
Ибни Холид (р) аз ҳамсараш ва ў аз баъзе ҳамсарони Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки «Пайғамбари Худо (с) нуҳуми Зулҳиҷҷа, рўзи Ошўро ва се рўз аз ҳар моҳро рўза мегирифт». (Ривояти Аҳмад, Абўдовуд ва Насоӣ).
Имом Нававӣ дар бораи рўзаи айёми даҳгона мегўяд: «Рўзаи он мустаҳаб аст».
Муборак гуфтани ид чӣ далел дорад?
Дар ин моҳи муборак мусулмонони олам иди Қурбонро ҷашн мегиранд, ки ин иди муқаддас рамзи садоқат, рафоқат, вафо, имон ва муҳаббати бепоён бар Худованди таборак ва таъолост, ки намунаи олии онро Абуланбиё Иброҳим (а) нишон дода, поя гузоштааст. Дар таърихи Ислом ин ид аз зумраи муассиртарин таърихҳост, ки далели итоат аз Худовандро баён медорад. Пас месазад таҷлили онро барои ҳар як фарди мусалмон муборакбод гуфт.
Таманно дорем, ки Худованд моро бар қадрдонии ин мавсими хайр ва рӯзҳои муборак муваффақ бидорад ва тавфиқи анҷоми амалҳои солеҳро рўзӣ гардонад, амалҳои некамонро ба фазлу карамаш бипазирад ва аз хайру баракати ин даҳаи муборак ҳамаи ҳамватанони азизамонро насиб гардонад. Омин!
Ҳомидов Абдулвоҳид
Мутахассиси Раёсатифатво
Омӯзгори калони ДИТ