Иди саиди фитр яке аз идҳои дӯстдоштатарини мардуми мусалмон, хоса, мо тоҷикон мебошад.
Як моҳи дароз ба хотири ризои худованд рӯза дошта, хурду калон иди рамазонро бесаброна интизор мешаванд, вале ҳамин ки ид наздик шуд, савдогарон якбора нарху наворо ба осмони ҳафтум мебароранд, зеро хуб медонанд, ки мардум охирини пули дар ҷайбашон бударо сарф мекунанд, то дастурхонани зебое ороста, дар назди меҳмонҳое, ки рӯзи ид аз дарашон медароянд, хиҷолат накашанд.
Банда ҳам се рӯз пеш аз ид роҳи бозорро пеш гирифтам, то бифаҳмам, ки барои хариди идона чи қадар маблағ лозим меояд. Бозор чунон серодам буд, ки ба қавле сӯзанро партоӣ ба замин намерасид. Вақте нарху наворо фаҳмидам, ҳуш аз сарам парид. Нархи миёнаи маҳсулот чунин буд:
Писта-160 сомонӣ
Бодом 120 сомонӣ
Шоколад аз 60 то 100 сомонӣ
Мавиз аз 50 то 80 сомонӣ
Себ аз 20 то 30сомонӣ
Қулфинай аз 12 то 20сомонӣ
Кивӣ аз 60 то 80 сомонӣ
Зардолу 20 сомонӣ
Помидор 20-22 сомонӣ
Бодиринг-7-10 сомонӣ
Орд-360-380 сомонӣ
Равған (5 литра) аз 110 то 130 сомонӣ
“Дар ин замона дигар инсоф намондааст! Савдогарон худашонро мусалмон мегиранду дар иду айём мардумро ғорат мекунанд” мегуфт зани калонсоле ба ҳамроҳаш, ки эҳтимол духтар ё хоҳараш буд. “Барои чи нарху навои бозорро масъулн назорат намекарда бошанд?! Ман ба 300 сомонӣ ҳамагӣ 1 кило пиставу 2 кило қанд харидам ва боварӣ дорам, ки занак дар хона гӯшу майнаамро мехӯрад. Намедонам барои харидани дигар майда-чӯйдаҳо аз куҷо пул ёбам?” дарди дил мекард як ҷавонмарди дигар ба ҷӯрааш. “Ин ҳоло ба хайр аст ҷӯра, як рӯз аз ид биё, ана баъд чи хел ба осмон дакка хӯрдани нарху наворо дар бозор мебинӣ” гуфт дар ҷавоб дӯсташ ва маслиҳат дод, ки илоҷе карда, пул ёбаду ҳамин рӯзҳо харид кунад, вагарна хонасалот мешавад....
Ҳисси кунҷковиам боло гирифта аз чанд харидор андешаҳояшонро дар бораи нархи наво ва дастурхони идона пурсидам.
Азизҷон, харидор:
Рӯза медоранду халқро ғорат мекунанд
-Дар моҳи шарифи Рамазон дар мамлакатҳои исломӣ савдогарон нарху наворо дар бозор паст мефароранд, то савоби бештар гиранд. Аммо ҷои таассуф аст, ки савдогарони мо рӯза гиранд ҳам, баръакс дар ин моҳи муборак нархи тамоми намуди маҳсулотро ду-се баробар баландтар мекунанд. Барои оростани дастурхони идона дар иди рамазон танҳо дар доираи оилавӣ тақрибан 2000 сомонӣ лозим аст.Албатта на ҳар оила чунин имконият дорад, вале мардуми бечора маҷбуранд, ки қарзу қавола карда, дастурхон ороянд.
Оламбегим, харидор:
Аз мусалмонӣ дар бозор бӯйе намондааст!
Нарху наво дар бозор чунон боло рафтааст, ки дигар мо наметавонем бо моҳонае, ки солҳои 2010- 2017 бо он зиндагиро бе малол пеш мебурдем, зиндагӣ кунем. Савдогарон баҳона пеш меоранд, ки сабаби болоравии нарху наво ҷанги Русияву Украина аст. Албатта бузургон “Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор” гуфтаанд, вале бо баҳонаи ҷанг дар кишвари дигар нархҳоро то ин дараҷа баланд бардоштан аз рӯйи инсоф нест. Бовар кунед, дар бозор дигар аз мусалмонӣ бӯйе намондааст. Аламовар аст, вақте ки чизи дилхоҳатро бо чашми сар мебинию зӯрат танҳо ба тамошояш мерасад, чунки маблағи дар киссаат буда барои хариданаш басанда нест. Хостам аз бозори "Автовакзал" себ харам, чунки бисёр себҳои сурхи иштиҳоовар буданд. Ба 10 сомонӣ себ диҳед гуфтам. Вақте ки себҳоро савдогар рӯйи тарозу монд, ҳамагӣ 4 донааш 10 сомонӣ шуд. Надонистам, ки бихандам ё гиря кунам, чунки мо, як оилаи калонем. Хариданӣ 4 дона себ маънӣ надошт, чунки ним порагӣ ҳам намерасид. Дар бораи дастурхони идона бошад, фақат ҳамин қадар мегӯям, ки барои як дастурхони миёна оростан камаш 3000 сомонӣ пул даркор.
Маҳина, харидор:
Ҳар сол аҳвол ҳамин аст, вале...
Ҳамасола дар моҳи шарифи Рамазон нарху наво дар бозорҳои мо боло меравад. Дирӯз дар бозори Сафариён қулфинай 20 сомонӣ буд. Ин ба куҷо рост меояд?! Соҳибкорон сабаби боло рафтани нарху наворо ба болоравии қурби доллару камбуди маҳсулот рабт медиҳанд, вале охир қулфинай дар замини худамон мерӯяд-ку! Доллар ин ҷо чӣ рабт дорад, намедонам. Ҳозир нарху наво дар ҳама бозорҳо баланд аст, вале мардум аз ноилоҷи мехаранд, то ки дар назди ҳаққу ҳамсоя дар хиҷолат намонанд.
Қаландар, харидор:
Бардошт зам кун, шиори тоҷирони мо гаштааст!
Бадбахтона "Бардошт, зам кун!" солҳои охир шиори тамоми тоҷирони кишвари мо гаштааст. Шояд халтаи савобашон пур шуда бошад, ки нарху наворо дар моҳи шарифи рамазон ва иди фитр ончунон ба осмон мебароранд ки боварӣ дорам ягон савдогари яҳудӣ ва насронӣ ё аслан бе дин ин корро намекунад. Аҷибаш он аст, ки аксари савдогарони мо хонаи Худоро зиёрат кардаанд ва ба қавле “ҳоҷӣ” ҳастанд. Дар ҳаққи ин тоифа ҳоҷиён Аҳмади Дониш бисёр баҷо гуфтааст:
Ҳоҷӣ, ки аз хонаи Худо баргаштаст,
Море рафтасту аждаҳо баргаштаст.
Ғофил машав ба саллаву дастораш,
К-ин хонасалот аз Худо баргаштаст.
Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (С. С) дар як ҳадис чунин гуфтааст: "Ҳар офате, ки ба сари ҳар миллату давлате ки меояд аз тақсири савдогаронаш аст". Худо мегӯем, ки ақли савдогарон ба ҷояш ояд ва дигар ба хотири кисса шуда, дар ҳаққи харидорон ҷабр накунанд ва ақаллан дар иду айём нархҳоро ин қадар баланд набардоранд.
Анӯшервон, харидор:
Ҳар кас имкони дастурхон оростан надорад
Мо аз нарху навои бозор розӣ нестем ва аз шахсони масъул хоҳиш мекунем., ки нархҳоро назорат кунанд. Бо ин нарху наво барои дар иди саиди фитр як дастурхни миёнаҳолона оростан камаш 1000 -1500 сомонӣ пул зарур аст ва ҳар кас чунин имконият надорад.
Гулчеҳра, харидор:
Харидорон ҳам гунаҳкоранд
Ҳар сол дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва махсусан иди фитр нарху наво дар бозор ба осмони ҳафтум мебарояд, вале ба ин нигоҳ накарда бозорҳо чунон серодам мешаванд, ки ба қавле агар сӯзанро партоӣ ба замин намерасад. Ба андешаи ман дар болоравии нарх худи харидорон ҳам гунаҳкоранд, чунки савдогарон чи нархе, ки гӯянд, мардум харидан мегиранд. Нахаранд, борашон 5-6 рӯз истода вайрон шавад, шояд ногоҳ ҳушашон ба сарашон зада, нархро ин қадар баланд накунанд, вале инро ба кӣ мегӯӣ! Шахсан ман имконият надорам, ки бо бо чунин нарху наво дастурхони идона ороям, вале маҷбурам, чунки дастурхон напартоӣ, ба ҳолат механданд.