Мувофиқи гузориши нашркардаи Henley & Partners ва New World Wealth шаҳри Ню-Йорк мисли як соли пеш дар раддабандии шаҳрҳои ҷаҳон, ки дар он бештар миллионерҳо зиндагӣ мекунанд, ҷои аввалро гирифт.
Чин ва Амрико дар садри ин раддабандӣ қарор доранд.
Дар шаҳри пешқадами Ню-Йорк (ИМА) 340 000 миллионерҳо зиндагӣ мекунанд. Токио (Ҷопон), ки 10 сол пеш дар садри феҳрист қарор дошт, бо 290 ҳазору 300 миллионер дар ҷойи дувум ва шаҳри Сан-Франсиско (ИМА) бо 285 ҳазор миллионер дар ҷойи севум қарор доранд.
Ҷойи чаҳорумро Лондон (Бритониёи Кабир) бо 258 000 сокини сарватмандаш ва ҷои панҷумро Сингапур бо 240 100 миллионер гирифтааст. Панҷгонаи пешқадам нисбат ба соли гузашта тағйир наёфта бошад ҳам, дар панҷгонаи дуюм тағйирот ба амал омадааст. Лос-Анҷелес (ИМА) мақоми шашумро (205,4 ҳазор миллионер) нигоҳ дошт, аммо Чикаго ва Хюстон (ҳарду дар ИМА) аз даҳгонаи беҳтарин афтиданд.
Ҳонконг боз ба даҳгонаи беҳтарин ворид шуд ва дар ҷои ҳафтум (129,5 ҳазор миллионер) қарор дорад. Пекин (128 200 сарватманд) ва Шанхай (127 200 миллионер) мисли соли гузашта дар ҷойҳои ҳаштуму нӯҳум ҷойгир шудаанд.
Ба даҳгонаи беҳтарин Сидней (Австралия) низ (126,9 ҳазор миллионер) ворид шудааст. Интизор меравад, ки Сидней то соли 2040 яке аз панҷ шаҳри сарватмандтарини ҷаҳон хоҳад шуд.
Абдуғаффор Шодиев