arzon replenishment
Сарвари давлат бо сафари корӣ ба Хатлон рафтанд
519

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафтанд.

Боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Ховалинг оғоз шуда, нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия мавриди истифода қарор ёфт, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.

Дар идома Президенти кишвар бинои Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Маркази мазкур дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносиии Ховалинг аз маконҳои дигарест, ки имрӯз ифтитоҳ шуд. Дар он шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.

Ҳамзамон, коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодиии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг”-ро низ Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан карданд.

Коргоҳи навтаъсис имконият дорад, ки тамоми намуди мевагиро коркарду хушк намуда, дар доираи талаботи байналмилалӣ басту банд намояд. Маҳсулоти ниҳоии он бо тамғаи “Меваҳои Ховалинг” омода гашта, ба бозорҳо пешниҳод карда мешавад. Дар як шабонарӯз корхонаи мазкур қудрат дорад, ки то 4 тонна маҳсулотро коркард ва барои фурӯш омода созад.

Сафари корӣ дар ноҳия ва дигар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад, ки сомонаи “Oila” онро пайгирӣ намуда, аз ҷараёнаш иловатан иттилоъ медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД