Arzon march 2024
Сарояндаи рус тоҷиконро қоил кард
794


Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати “Дарҳои кушода”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои аҳли фарҳангу санъати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ рушду такомул ёфта, дар ин самт чорабиниҳои зиёди фарҳангиву маърифатӣ баргузор мешаванд.
Бахшида ба 30-солагии истиқлолияти кишвар санаи 4-уми ноябр дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти солисти машҳури рус, лауреати ҷоизаҳои байналмилалӣ- Маргарита Мартынова баргузор шуд.
Аввалин ҳунарнармоӣ аз ҷониби оркестри симфонӣ бо сардерижерии Анвар Ҷалолович ва меҳмони маҳфил Маргарита Мартинова буд, ки аҳли нишаст хуб пазируфтанд. Дар давоми консерт ҳунарнамоии устодони жанри опера аз Тоҷикистон ва дуети онҳо бо меҳмони маҳфил- Маргарита Мартинова сурат гирифт.
Дар барнома ҳамчунин ҳунармандони точик ширкат варзида, табъи ҳозиринро бо ҳунарнамоии худ болида гардониданд, махсусан баромади Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва дигар овозхонҳои ин жанр бисёр ҷолиб ва хотирмон буд.
Ногуфта намонад, ки консерти овозхони хушсалиқа Маргарита Мартинова дар доираи бонуфузтарин чорабиниҳо, аз ҷумла рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ва рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ байни ин ду халқи дӯсту бародар баргузор шуд.
Кароматуллоҳи ИМОМАЛӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД