Sebiston new 2024 october
САРОЯНДАИ МАЪРУФ АСРОРИ ЗИНДАГИАШРО КУШОД, АММО...
11653

 

Чанд рӯз пеш шоу-мени шинохта Мубориз Усмонов видеои сӯҳбати ошкороаш бо Ҷонибек Муродовро дар шабакаи ютюб гузошт.Дар рафти барнома Ҷонибек якчанд сирри пинҳонии зиндагиашро фош карда дар бораи шурӯи фаъолият, таҳсил дар мадрасаи динӣ, сарфи 2 миллион доллар барои сабти клипу сурудҳояш ва ду соли бемориаш нақл кардааст.

Солҳои ахир Ҷонибек бо якчанд сарояндаҳои машҳури ӯзбек дуэт сароид. Таронаҳои бо Сардор Раҳимхон ("Дӯстон"), Улуғбек Раҳматуллоев ("Боре бедорам") ва Юлдуз Турдуева ("Азизи дилам") сурудаи ин сарояндаи маъруф тоҷик ҳам аз ҷониби тамошобинони тоҷик ва ҳам мардуми ӯзбек баҳои баланд гирифта, вирди забонҳо гаштанд.

Ҷонибек мегӯяд, бо Сардор дар Тошканду Самарқанду Бухоро зиёд вохурда орзу доштем,ки як дуэт сароем.Улуғбек бошад пеш аз барпо кардани консерти охиринаш ба ман сурудеро фиристода, пешниҳод кард, ки онро якҷоя сароем. Ман оҳанги ирсолкаради ӯро писандидам ва мо якҷо онро сароидем. Юлдуз низ суруди “Азизи дилам”-ро ба ман фиристод ва ман бо ҷону дил барои сароидани он розӣ шудам.

Роҳи эҷодии Ҷонибек аз гурӯҳи "Боло" сар шуда буд. Ин гурӯҳ баъдтар пароканда шуд. Ҳаммаслаконаш роҳи тиҷоратро пеш гирифтанд ва имрӯз соҳибкорони муваффақ мебошанд, Ҷонибек бошад, бо дастгирии ҳунарманди зиндаёд Ҳасани Вализод гурӯҳи “Вазир”-ро ташкил кард. Баъди пошхурии ин гурӯҳ Ҷонибек як сол дар андешаи интихоби касби ояндаи худ гаштааст.

"Падарам гуфтанд, ки то 21-сола нашавӣ, ҳамчун Ҷонибек Муродов баромад накун. Ман баъди пошхӯрии "Вазир" танаффус кардам. Қариб ду -се сол ба масҷиди Нури Хуҷанд мерафтам. Баъди як сол фаҳмидам, ки ман сароянда мешавам", - нақл мекунад ҳунарманд.

Сарфи 2 миллион доллар барои сабти суруд

“Фаъолиятамро дар роҳи санъат ман бо 5 ҳазор доллари амрикоӣ шуруъ кардам ва ин маблағро ҳам баъди фурухтани мошине,ки падарам ба ман тӯҳфа карда буданд, ба даст овардам. Ман то имрӯз барои сабти суруду клипҳоям тақрибан 2 миллион доллар сарф кардаам”-мегӯяд Ҷонибек.

Ба суоли чаро канда шудани муносибатҳояш бо Шабнами Сурайё Ҷонибек чунин ҷавоб дод:

-Ҳама чиз вақти муайяни худро дорад. Муҳлати ҳамкории ман бо Шабнам низ баъди ба охир расидани шартномаи сесолаамон ба охир расид. Баъзан ҳамсароӣ ба дили мардум мезанад. Навигарӣ кардан лозим. Овозаҳое буданд, ки маро Шабнам ё баръакс ӯро ман машҳур кардам, лекин мо ҳар яке дар роҳи худ ва бо номи худ муваффақ шудем.

Ҷонибек мегӯяд, ки тайи 10 сол бе танаффус кор кард ва вақте, ки бемор шуд, дарк кард, ки саломатӣ ганҷи ноёфтанӣ аст. Вай ҳатто ба хулосае омад, ки дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, табиб шавад.

“Соли 2015 бемор шудам. Фишори хунам 200 мешуду дилам тез-тез мезад. Фикр мекардам,ки мурда истодаам. Ҳисси тарс вуҷудамро фаро мегирифт. Ду сол бо беморӣ мубориза бурда, Худоро шукр мегӯям ки сиҳат шудам”-мегӯяд Муродови хурдӣ.

Дар бораи ҳаёти шахсиаш сароянда гуфт, ки соле пеш дубора оиладор шуда, айни замон дар интизори фарзанд аст ва намехоҳад дар бораи ҳаёти паси пардагиаш чизи дигаре нақл кунад.

Ҳамчунон Ҷонибек зидди сарояндагии занҳо аст ва мегӯяд,саҳна ҷои зану духтари тоҷик нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД