Formula novemver 2024
Сароянда ва оҳангсоз мотам дорад
1267

Ҳамсари Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аҳмадҷон Муҳаммадиев аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Фирӯзи Азиз иттилоъ дод.

 

Навозанда, оҳангсоз ва сароянда Аҳмадҷон Муҳаммадиев соли 1949 дар деҳаи Дурбади шаҳри Ҳисор дар оилаи деҳқон таваллуд шуд. Рӯзгори наврасиаш ба бозростӣ рост омад. Мактаби деҳаашрохатм карда, баъди ин, ба Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъат ба номи А. Бобоқулов) бо ихтисоси ғижжакнавоз дохил шуд. Ҳангоми донишҷӯӣ ба Филармония ба кор даромад ва шогирди мактаби ҳунарии Зафар Нозимов аст.

Аз ҳамон айём сарояндагӣ мекунад ва соли 1984 Исматулло Холов бо аввалин суруди оҳангбастаи ӯ - “Бибисанамҷон” рӯи саҳна омад, ки ин ба ҳарду шуҳрати калон овард.

Ба таронаҳои зиёде оҳанг бастааст, ки суруди “Модар”-и Нигина Амонқулова бар шеъри Меҳриниссо аз ин ҷумла аст.

Дар пайравӣ ба Зафар Нозим суруди “Эй Сорбон”-ро сурудааст, ки ҳаводори зиёд дорад.

Аҳли эҷоди сомона ба ҳунарманд изҳори тасаллият намуда, ба хонаводааш сабри ҷамил мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД