arzon replenishment
САРОЯНДА ҚОНУНИ ҲИФЗИ НОБОЛИҒОНРО ПОЙМОЛ КАРДУ...
1334

Додгоҳи шаҳри Ҳасфурти Олмон Анҷело Келлӣ, овозхон ва оҳангсози 39-солаи испаниро барои бар хилофи қонун ба кор ҷалб кардани кӯдаки ноболиғаш ҷарима кардааст.

Ба иттилои хабаргузории “Новости”, овозхон моҳи июли соли 2019 дар ҷараёни яке аз консертҳояш дар Бавария писари он замон 4-солааш Уилямро ба саҳна бароварда, қонуни ҳифзи ноболиғонро поймол кардааст. Уилями хурдсол дар консерти падараш суруди “What a wonderful world”-ро иҷро карда буд. Бо гузашти қариб ду сол, додгоҳ падари кӯдакро барои худсарона ба кор ҷалб кардани фарзанди ноболиғаш ба андозаи 3 000 евро (41 417 сомонӣ) ҷарима кардааст.

“Ман писарамро ба он хотир ба саҳна баровардам, ки худаш мехост”,-гуфтааст овозхон ва ният дорад, ки аз болои қарори суд шикоят кунад. “Дар консерти падари худ, дар ҳузури модар ва додарону хоҳаронаш баромад кардани кӯдак маънои онро надорад, ки ба қонуншиканӣ роҳ дода бошад”,-гуфтааст адвокати овозхонҶулиан Аккерман. Анҷело Келлӣ, ҳамсараш Кира Келлӣ ва панҷ фарзанди онҳо бо номи “The Kelly Family” гурӯҳи мусиқавие доранд, ки дар аксар мавридҳо якҷоя дар консертҳо баромад мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД