formula
Сарнавишти як боксёри тоҷик
699

 

Муштзани ҳаваскор ва касбии тоҷик, ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии ҳаваскорон Давлат Болтаев 13-уми январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ба варзиши намуди бокс машғул буда, дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст.

Давлат Болтаев қаҳрамони Бозиҳои Осиё дар соли 2022 байни ҷавонони то 22-сола мебошад. Аввалин маротиба соли 2020-ум дар мусобиқаи интихобӣ, ки дар Уммон (Иордания) барргузор гардид, иштирок кард, вале дар даври чорякфиналӣ аз рақибаш Василий Левити шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Болтаев аз мағлуб шудан дилшикаста нашуда, 19-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Маскав бо муштзани ӯзбек Аҳмад Мамадҷанов вориди майдони рақобат шуд ва дар раунди якум бо нокаут кардани рақибаш ғолиб омад.

Моҳи январи соли 2022 дар шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) дар вазни то 92 кг Давлат қаҳрамони Осиё байни ҷавонони то 22-сола шуд ва дар даври ниманиҳоӣ бар Ҷавоҳир Тоғаймуродови ботаҷрибаи ӯзбекистонӣ бо ҳиссоби 5:0 ғолиб омада, дар финал муштзани варзидаи қирғиз Рустам Урусберо дар раунди 3-юм пеш аз муҳлат бо нокаути техникӣ шикаст дод.

Соли 2023 Давлат Болтаев дар шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни то 92 кг ширкат варзида, сазовори медали нуқра гашт. Моҳи октябри ҳамон сол ӯ қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ дар Ханчжоу (Чин) дар вазни то 92 кг шуд ва соҳиби муҷаввиз ба Бозиҳои олимпии соли 2024 гардид. Дар ин мусобиқа Болтаев бо шикаст додани муштзани пуртаҷрибаи қирғиз Эркин Одилбек ва баъдан Ҷонг Ҷе Мини кореягӣ ба давари финалӣ роҳ ёфт.

Ҳамин тавр, Давлат Болтаев дар даври финалӣ бо Хан Сюэжен вориди майдон шуда, ӯро бо ҳиссоби 3:2 шикаст дод ва сазовори медали тилло гашт.

Давлат Болтаев дар чандин мусобиқаҳои дигар иштирок карда, натиҷаҳои хубро ба даст овардааст. Мо ба ин ҷавонпаҳлавони тоҷик комёбиҳои нав ба нави варзиширо орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД