Sebiston new 2024 october
Сарнавишти талхи зани носкаш Қисми 1
2254

 

Обид панҷ маротиба оиладор шуда бошад ҳам, аз муносибати ягон ҳамсараш розӣ набуд. Ӯ бори аввал дар синни 29 солагияш хонадор шуд. Азбаски ҳамсараш барои зиндагии мустақилона омода набуд, Обид пайваста ӯро насиҳат мекарду баъзе масъалаҳои оиладориро мефаҳмонд, вале бе натиҷа.

Давоми 20-соли зиндагӣ онҳо натавонистанд якдигарро фаҳманд ва оқибат аз ҳам ҷудо шуданд. Аз байн чанд вақт гузашту Обид дар тараддуди дубора хонадор шудан гашт. Ӯ зани дуюм гирифт, аммо ин дафъа низ бахташ ба қавле омад накард. Зани наваш покизакор набуд ва бо ҳамин сабаб илаашон вайрон шуд.

Занҳои сеюму чаҳорумаш аз рафтору гуфтор ва хислатҳои хуби инсонӣ дур буда, ба пастию душвориҳои зиндагӣ тоб намеоварданд, аз ин рӯ, Обид маҷбур шуда, талоқи онҳоро низ дод ва ба хулосае омад, ки то ҳамсари муносиб пайдо накунад, хонадор намешавад.

Обид бо чор фарзанди ба ҷон пайвандаш, ки аз зани якумаш буданд, танҳо монд. Кӯдакон мӯҳтоҷи навозишу меҳрубонии модар буданд, аммо модари бераҳмашон бачаҳои бечораро ба шавҳараш гузошта рафт.

Ҳар бинанда ба зудӣ эҳсос мекард, ки ин тифлакон аз оғӯши гарми модар дур монда, дилшикаста гаштаанд. Ҳамарӯза садои нолаи онҳо ҳамсояҳоро нороҳат месохт, зеро ҳанӯз субҳ надамида, “очаҷон” гуфтану гиря кардани чор тифли дар орзуи модар ба гӯш мерасид.

Обид ҳоли зори фарзандонашро дида, боз дар андешаи хонадоршавӣ афтод. Пас аз андешаҳои тӯлонӣ ба хулосае омад, ки дар ин масъала бо дӯсти наздикаш Фирӯз маслиҳат мекунад.

Фирӯз дар ҳақиқат ба дӯсташ кӯмак карда, барояш занеро бо номи Гулбаҳор пайдо намуд. Гулбаҳор аз Обид 12 сол хурд ва ду маротиба хонадор шуда, аз шавҳаронаш ҷудо шуда буд. Қабл аз ба ҳамсарӣ қабул кардани ин зан, Обид аз тамоми ҳамсояҳо хислату рафтори ӯро пурсон шуд, мехост сабаби аз ду шавҳар ҷудо шудани Гулбаҳорро муайян созад, аммо касе дар бораи зан гапи сахту дағал нагуфт, баръакс таърифаш мекарданд. Падараш низ назди хостгорон духтарашро таърифу тавсиф карда, таъкид мекард, ки панҷ панҷааш ҳунар аст ва ҳаргиз мард бо чунин зан хор намешавад, аммо....

“Офтобро бо доман пӯшонда намешавад” гуфтани халқ ҷон доштааст, баъди никоҳ маълум гашт, ки бо айби худи зан ду шавҳараш ӯро аз хона пеш кардаанд. Гулбаҳор носкаш будааст, вале Обид бехабар аз ин одати занаш зиндагиро бо хушҳолӣ оғоз намуд.

Рӯзҳои аввал Обид аз ҳамсараш розӣ буду назди Парвардигор шукргузорӣ мекард, ки барояш чунин зани оқилаву ҳунармнадро тӯҳфа кардааст. Вай худро марди хушбахт мешуморид, вале ин хушҳолӣ дер давом накард.

Пештар Обид ҳамарӯза қариб як халтача носро танҳо мекашид ва ҳатто баъзан камӣ ҳам мекард. Рӯзе носи дар халтача будааш тамом шуду хост аз шишае, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш пур аз нос карда буд, халтачаашро пур кунад, аммо шишаро нима дида, ҳайрон шуд. “Ду рӯз пеш ин шиша пури нос буд, аҷиб онро кӣ кам карда бошад?Дар хона – ку ба ғайр аз ман каси дигар нос намекашад, пас ними нос куҷо шуд?”-худ ба худ савол медод мард. Ҳарчанд фикр мекард, аммо ба саволҳояш ҷавоб наёфт.

-Занак, ҳо занак?-ҷеғ зад ҳамсарашро.

-Лаббай.

-Ин ҷо биёед.

-Ҳа, мардакҷон, тинҷӣ аст?

-Носи ман канӣ?

-Кадом нос, чӣ хел нос?-ба саволҳои шавҳараш саволомез ҷавоб медод зан, аммо ранги рӯяш тағйир ёфта, даступо хӯрда буд.

Давом дорад

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД