formula
Сарнавишти ғамангези арӯси сиёҳбахт
1993

Салом! Лайло ҳастам, як арӯсаки сиёҳбахти тоҷик, ки тақдири бераҳм дар айни ҷавонӣ ба гирдоби ғаму дард гирифтораш намудааст. Мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо нақл карда, каме ҳам бошад, кулбори аламҳои диламро холӣ кунам.

Модари ман дар оила фарзанди ягона аст. Бобою бибиам духтари нозпарвардашонро ба донишгоҳ дохил карда, мехостаанд баъди диплом гирифтан ӯро дар хонаи худашон ба шавҳар диҳанд, вале модарам ҳанӯз дар курси дуюм ба падарам ошиқи зор шуда, ба шавҳар мебарояд.

Волидонам ҳамдигарро сахт дӯст медоштаанд, аз ҳамин хотир бобоям дили духтари яккаву ягонаашро шикастан нахоста, ночор ба издивоҷи онҳо розигӣ медиҳад ва пешниҳод мекунад, ки навхонадорон баъди тӯй дар хонаи онҳо дар шаҳр бимонанд, аммо падарам ба хонадомод шудан розигӣ намедиҳад.

Бобоям дар навбати худ дар назди қудоҳо шарт мегузорад, ки набераи аввалинашро ба тарбияи худашон мегиранд. Бобою бибии падариам розӣ мешаванд ва ҳамин тавр тӯй барпо шуда, модарамро ба деҳа ба хонаи бахташ гусел мекунанд.

Падарам бениҳоят марди бадрашк аст ва ба ҳамсари зебою ҷавонаш иҷозат намедиҳад, ки пояшро аз дервоза берун гузорад. Модарам маҷбур мешавад, ки ба хотири ишқ ва бахту зиндагии оилавиаш донишгоҳро партояд.
Хулоса, пас аз як соли тӯйи бошукуҳи волидонам ман чашм ба олами ҳастӣ боз кардаам.

Модарам қисса мекарданд, ки рӯзи таваллуд шудани ту бобою бибиат ҳатто аз ман ҳам бештар шодӣ мекарданд. Пиру кампири дар ҳастари фарзанд рӯздармиён аз шаҳр ба деҳа ба хонаи қудояшон мерафтаанд, то мани хурдакакро ба оғӯш гирифта, бӯй кашанду хумори худро шикананд.

Онҳо базӯр то ба дунё омадани додарам тоқат мекунанд ва ҳамин ки модарам фарзанди дуюмашро таваллуд кард, мани нав яксола шударо ба хонаи худашон мебаранд. Ҳамин тавр духтари бобою бибии модариам шудам.

Пиру кампир маро чунон сахт дӯст медоштанд, ки намемонданд поямро ба замин сахттар гузорам. Бобою бибиам ба ман фақат гули чизро хӯрондаю гули чизро пӯшонда, маро чунон эрка мекарданд, ки баъзан ҳатто модарам рашк бурда “дар вақташ маро мисли ин шоҳдухтаратон ин қадар эрка намекардед” гӯён, абру чин мекард.

Бибиҷонам хандида ба сӯйи ман чашмакӣ мезаданд ва ”ту ба духтару бачаҳои худат кордор шав, ба духтари мо корат набошад. Ҳоло ист, ман духтарамро хононда духтур мекунам. Лайлои ман чунон одами номдор шавад, ки ҳар рӯз садҳо сад кас дар пешаш дуқад шуда салом диҳанд”мегуфтанд, вале...

Умр ба бибиҷонам вафо накард, мани эркаю нозпарвард нав ба синфи шашум гузашта будам, ки модаркалонам ба саратони хун гирифтор шуданд ва шаш моҳ нагузашта, аз дунё даргузаштанд. Он рӯз барои ман талхтарин рӯзи умрам буд, зеро бибиҷонамро аз модарам ҳам бештар дӯст медоштам ва аз даст доданаш бароям зарбаи сахт буд.

Ҳамин тавр рӯзҳои тираи ҳаётам оғоз ёфтанд. Бобоям занашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва то сари соли бибиам нарасида, ғамбемор шуда мурду волидонам маро ба хонаи худашон бурданд.

Эркагиҳоеро, ки ба бобою бибии модариам мекардам, дар хонаи худамон карда наметавонистам, чунки падарам ва бобою бибии падариам одамони тақводор ва сахтгир буданд. Бибиам “ин духтарро маймун кардаанд” гӯён, модарамро маҷбур кард, ки тамоми либосҳои маро ба оташ андозад ва бароям куртаю поҷомаи тоҷикӣ духта диҳад, то ки мардуми деҳа наханданд.

Тамоми корҳое, ки мани дар шаҳр калон шуда мекардам, ба назари бибиам даҳшатовар менамуданд ва мудом сарзаниш мешунидам. Ҳамин тавр дар бадали 3-4 сол маро ба қавле “аз нав тарбият карданд. Акнун рӯз то шом бо рӯфтану шустану говҷӯшию таппаккунӣ банд будам, вале орзуи духтур шудан дар як гӯшаи дилам шӯълавар буд.

Вақте ба падарам гуфтам, ки мехоҳам васияти бибиамро амалӣ кунам ва ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, духтур шавам, қошу қавоқашонро гиронда гуфтанд: “Устухонҳои кампири бибиат кайҳо пӯсида рафтанд. Тамоми гапу корҳоеро, ки дар хонаи онҳо мекардӣ, абадан фаромӯш кун. Ман пули зиёдатӣ надорам, ки туро хононам. Мактабро, ки тамом кардӣ, бо обрӯ туро ба шавҳар дода, аз сарам соқит мекунам, ана баъд он тарафашро худат медонию шавҳарат!”

Хулласи калом, волидонам иҷозат надоданд, ки таҳсиламро давом диҳам ва баъди хатми мактаби миёна мани 18-соларо ба ҷавони ношиносе ба шавҳар доданд.
Азбаски дар умрам ба касе ошиқ нашуда будам, шавҳарамро нодида гирифта бошам ҳам, ба ӯ дил баста, бо тамоми ҳастӣ дӯсташ доштам.

Волидонаш бисёр сахтгир бошанд ҳам, шавҳарам бачаи меҳрубону ширинзабон буд ва мудом маро тасаллӣ медод, ки ба гапҳои модараш аҳамият надиҳам, худо хоҳад, ба Русия рафта кор мекунад ва пул ҷамъ карда, хонаи алоҳида мехараду маро аз ин ҷо мебарад.

Ҳамин тавр шавҳарам мани ҳомиладорро монда ба Русия мардикорӣ рафт. Вай ҳар шаб занг мезад ва мо соатҳо бо ҳамдигар суҳбат намуда орзуҳои ширин мекардем, аммо тақдир боз ба мани наосуда зарбаи ҷонкоҳ зад. Ҳанӯз фарзанди нахустинам ба дунё наомада, шавҳарам дар Россия аз ошёнаи ҳафтум афтида, ҷавонмарг шуд.
Вақте ҷисми бе ҷони шавҳарамро бо дасту пойҳои шикаста дар тобути оҳанин оварданд, дунё дар назарам тираву тор гашт.

Гиристам, нолидам, худамро болои тобути хунини ҳамсари ҷавонмаргам партофта, зорӣ кардам, ки моро ҷудо накунед, аммо тақдири бераҳмро тадбир набуд. Шавҳарамро ба хок супурданду пас аз як ҳафтаи гуру чӯб кардани ҳамсари ғуррамаргам писарчаи берӯзиам ба дунё омад.

Инак, панҷ сол мешавад, ки бо тифли бепадар дар хонаи волидонам ҳастам. Дар деҳа дар байни чор девор худро мисли мурғи қафас эҳсос мекунам, ягона тасаллои дилам танҳо писарчаам аст. Ростӣ дар ин миён чанд мард маро талабгор шуданд, вале дилам аз зиндагӣ сард гаштааст.

Касеро, ки дӯст дорам, худованд ӯро аз ман мегирад, барои ҳамин намехоҳам дигар ба касе дил баста, дубора заҳри талху ҷонсӯзи ҷудоиро бичашам.

Ба падару модарон гуфтаниям, ки монеъи таҳсили духтаронашон нашаванд. Бобою бибиҷонам, агар зинда мебуданд, шояд маро ба донишгоҳ дохил мекарданд ва хонда духтур мешудаму тақдирам дигаргуна сурат мегирифт, вале афсӯс...
Лайлои бебахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-10-02, 08:03
Хатои сахти падару модарон дар зиндаги монеь шудан аз тахсили фарзандонашон хаст.ин замон мисли замони карахти нест замони техналогияи хозира замон хаст монед чи духтару чи писар хонад бо саводу бо маьрифат шаванд.бинед ин хохари исломиро ки чи рузи талх дар пеш дорад.хой падарону модарон бедор шавед бинед холи чавони имрузаро.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-10-02, 08:03
Хатои сахти падару модарон дар зиндаги монеь шудан аз тахсили фарзандонашон хаст.ин замон мисли замони карахти нест замони техналогияи хозира замон хаст монед чи духтару чи писар хонад бо саводу бо маьрифат шаванд.бинед ин хохари исломиро ки чи рузи талх дар пеш дорад.хой падарону модарон бедор шавед бинед холи чавони имрузаро.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД