Arzon march 2024
Сармураббии нави Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кист?
655

Милош Костич мутахассиси 52-солаи словенӣ сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таъйин шудааст. Ӯ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба марҳилаи интихобии мусобиқаи “Ҷоми Осиё-2024” омода месозад, ки моҳи сентябр баргузор хоҳад гашт.

Костич дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «Pro»-и УЕФА буда, қаблан сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ҳамзамон ӯ бошгоҳҳои «Железничар» (Босния ва Ҳерсеговина), «Ахарнаикос», «Ираклис», «Трикала» (ҳама аз Юнон), «Люфтетари» (Албания) ва «Сент-Трюден» (Белгия) ҳамчунин «Срвена Звезда» (Сербия), -ро роҳбарӣ кардааст.

Ёдовар мешавем , ки то имрӯз мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистонро мутахассиси Белорусӣ Олег Кубарев роҳбарӣ мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД