Сари духтари 15-соларо кал карда, ба марди 28-сола ба шавҳар доданд
1009

Дар вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон сари як духтараки ноболиғи 15-соларо кал карда, ӯро зӯран ба марди 28-сола ба шавҳар додаанд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, гуфта мешавад, ки кормандони Агентии ҳифзи иҷтимоии ин кишвар ҳанӯз моҳи июли соли равон аз қазия хабардор гашта, пеш аз тӯй наздикони духтарро огоҳ кардаанд, ки ин амал ғайриқонунӣ аст ва тибқи қонун барои духтари ноболиғро ба шавҳар додан ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст, аммо новобаста ба ин моҳи август тӯй баргузор гаштааст.

Дар навор дида мешавад, ки мӯйи сари духтарак аз чанд ҷой қайчӣ зада шудааст. Дар посух ба саволи “ин корро кӣ кард?” духтар мегӯяд, ки бародараш бо амри модараш ин корро кардааст.

Падари духтар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, гуфтааст, ки аз ин қазия хабар надошт, зеро занаш 5 сол пеш ба Маскав рафта, бибиаш духтарашро бо худ бурд ва бо падараш гап задани ӯро манъ карда буд.

“Ман падари ин духтар ҳастам. Вай фарзанди ман аст, пас чаро бе иҷозати ман духтари маро ба шавҳар медиҳанд?!”,- мепурсад мард дар навор.

Айни замон нисбати домоди 28-сола барои алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни 16-солагӣ нарасида парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, муллои 70-солае, ки онҳоро никоҳи мусалмонӣ кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Аммо модари духтар ва дигар наздиконаш ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не, ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД