arzon replenishment
САРГУЗАШТИ ЯК МУҲОҶИРИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК, КИ ДАР РУСИЯ БА КОРОНАВИРУС ГИРИФТОР ГАШТ
4474


Коронавирус-бемории хатарноке, ки бо суръати кайҳонӣ паҳн гашта, дар як муддати кӯтоҳ сар то сари сайёраи заминро фаро гирифт. Пандемияи коронавирус мисли аждари хунхор панҷа ба гулӯи насли башар зада, миллионҳо одамонро аз гӯшаву канори гуногуни олам ба коми худ кашид.

Коронавирус натанҳо ба саломатии одамон зиёни зиёде расонд ва то ба ҳол расонида истодааст, балки ба иқтисодиёти ҷаҳон низ ин беморӣ зарбаи шадиде зад.
Аз кор мондани корхонаҳои хурду калон, баста шудани марзҳо, манъи ҳаракати қатораҳову парвози тайёраҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар ва қариб дар тамоми кишваҳои ҷаҳон ҷорӣ шудани карантин ҳаёти одамизодро комилан дигаргун сохта, ба инсоният зарбаи сахти рӯҳӣ, равонӣ ва иқтисодӣ зад.
Зиндагӣ дар давраи пандемия барои ҳама мушкил, вале барои гурезагону муҳоҷирон боз ҳам мушкилтар буд.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи як муҳоҷири тоҷик қисса хоҳем кард, ки дар давраи авҷи коронавирус дар Русия азобҳои зиёде кашидааст.

Бо пули қарз ба Русия рафтаму...
Ин ҷавонмарди 39-сола Мустафои Абдуғаффор ном дошта, сокини деҳаи Кампирқалъаи ҷамоти деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аст. Муҳоҷирати меҳнатӣ як ҷузъи зиндагии Мустафо гашта, мисли аксари ҷавонмардони тоҷик ӯ ҳам ҳамасола барои дарёфти ризқу рӯзии аҳли оилааш ба Русия мардикорӣ меравад.
-Аллакай 17-18 сол мешавад, ки ман ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия рафта меоям. Дар Маскав, Уфа, Калуга ва дигар шаҳрҳои калони Русия бо корҳои сохтмонӣ машғул шуда, бо ҳамин роҳ зиндагии хонаводаамро пеш мебурдам. 20-уми феврали соли 2020 аз бонк қарз гирифта, чипта харидам ва бо нияти дарёфти ризқу рӯзии фарзандонам боз ба Русия парвоз кардам, вале ин дафъа корам барор нагирифт. Ҳамагӣ ду-се моҳ кор карда, ба бемории коронавирус гирифтор шудам. Дар мулки ғурбат мани бемор ранҷу азоби зиёд кашидам”-қисса мекунад Мустафо оҳи пурдард кашида.

Аз нақли Мустафо чунин бармеояд, ки бо сабаби камбудии маблағ ӯ натавонистааст сари вақт ҳуҷҷатҳои лозимиро тахт намуда, ҳамчун муҳоҷир дар Русия бо фаъолияти қонунии меҳнатӣ машғул шавад.
-Пуле, ки аз бонк қарз гирифта будам, фақат ба чипта мерасид, вале ҳарчи бодо бод гӯён, ман ба Русия парвоз намудам. Дар назди худ мақсад гузошта будам, ки як-ду моҳ кор карда, пули патентро ҷамъ мекунам, вале дере нагузашта коронавирус авҷ гирифт ва карантин эълон карданд. Ман дар вазъияти ногуворе мондам. Аз як тараф қарзи бонк, аз ҷониби дигар фикри падару модар ва зану фарзандонам, ки дар Тоҷикистон чашми умед ба сӯйи ман дӯхта буданд, бар замми ҳамаи ин тарси ба чанги пулис ва дигар мақомоти қудратии Русия афтода “депорт” шудан азобам медод,-мегӯяд Мустафо.

Ин ҷавонмарди тоҷик бо азобҳои алим дар як сохтмон ба сифати усто кор пайдо намуд ва миёнашро маҳкам баста, аз паси кор шуд. Вай аз сидқи дил меҳнат мекард, то зудтар қарзи аз бонк гирифтаашро бар гардонида, дар ин даврони мушкили иқтисодӣ каме ҳам бошад ба падару модар ва аҳли оилааш кӯмаки молиявӣ расонад, аммо дере нагузашта, Мустафо ба КОВИД-19 гирифтор гашт.
“Аввалҳои моҳи апрел ман ба коронавирус шудам ва қариб ду моҳ аз ин беморӣ азоб кашидам. Табби баланд ва сулфа маро азоб медод. Тахтапушт ва қафаси синаам ончунон сӯзиш мекард, ки шаб то саҳар мижа таҳ карда наметавонистам. Нафасгириам рӯз то рӯз вазнинтар мешуд. Ба назарам чунин менамуд, ки ҳамин замон ё замони дигар мемирам. Хулоса, ҳолам торафт табоҳ мегашт. Умедамро аз зиндагӣ тамоман кандам, дигар заррае боварӣ надоштам, ки ман дубора рӯйи падару модар, хоҳару бародар ва зану кӯдаконамро мебинам”-рӯзҳои сахту душвори ҳаёташро ба ёд меорад ин муҳоҷири меҳнатии тоҷик.

-Чаро ба духтур муроҷиат накардед?-Мепурсам аз Мустафо.
Ӯ лаҳзае сукут мекунад ва баъдан сар аз ҷайби андеша берун кашида мегӯяд:

-Мардуми мо мақоли хубе доранд: “Поят, ки сӯхт, ба лаби об медавӣ”, албатта мани бемор ҳам ба табибон муроҷиат намудам. Бори аввал ба ман илтиҳоби музмини шуш (хронический бронхит) ташхис гузошта, доруву дармони зиёде фармуданд, вале табобат ягон натиҷа надод. Вақте дубора ба ҳамон дармонгоҳ рафтам, гуфтанд, ки мо кори аз дастамон меомадагиро кардем, дигар ба шумо ёрӣ расонида наметавонем. Тавсия доданд, ки ба ягон дармонгоҳи хусусӣ муроҷиат намоям. Саломатӣ аз тамоми ганҷи олам беҳтар гӯён, ман ҳам пули калон сарф намуда, ташхиси ҳамаҷониба гузаронидам. Маълум шуд, ки ба КОВИД гирифтор гаштаам.

-Маъмулан гирифторони коронавирусро дар беморхонаҳои махсус бистарӣ намуда, бо табобати ҳамаҷониба фаро мегиранд. Аз Мустафо мепурсам, ки ӯ дар кадом беморхонаи Маскав табобат гирифт, вале ин муҳоҷири тоҷик сар ҷунбонида мегӯяд:
-Аз сабаби он ки патент надоштам ва ҳуҷҷатҳоямро ба расмият надароварда будам, маро дар ягон беморхона бистарӣ накарданд. Табибони дармонгоҳе, ки дар наздикии ҷойи корамон воқеъ гашта буд, дорухат менавиштанд ва ман дорӯву даромни фармудаашонро харида, худам худамро укол мекардам.
Ҳайрон шуда мепурсам:

-Чаро худатон ба худатон сӯзандрӯ мегузаронидед? Магар ягон ҳамшираи шафқат набуд, ки ин корро ба сомон расонад?

-Дар Русия ягон кор бепул пеш намеравад. Тавре ки гуфтам, ман дар дармонгоҳи хусусӣ аз ташхис гузашта, маблағи хеле зиёд сарф кардам, бар замми ин, доруҳои зиддивирусие, ки табибони рус барои табобати коронавирус ба ман фармуданд, бисёр қимат буданд. Азбаски давраи авҷи пандемияи коронавирус буд ва ҳар рӯз аз ин бемории марговар одамони зиёде мефавтиданд, нархи доруворӣ ба осмони ҳафтум дакка хӯрда, як таблеткаро аз 700 то 1500 рубли русӣ мефурӯхтанд. Ман базӯр бо қарзу қавола доруҳои фармудаи табибонро харида, худам ба худам сӯзандорӯ мегузаронидам. Мушкилоти иқтисодӣ маро маҷбур намуд, ки барои зинда мондан ба ин амал даст зада, худам худамро укол кунам. Худатон андеша кунед, дар мулки бегона, кадом ҳамшираи шафқат ба як муҳоҷири тоҷик, ки на ягон ҳуҷҷат дорад, на як тин пул ва бар замми ин, ба бемории ваҳшатноки коронавирус гирифтор аст, хизмат мерасонад?!

-Мегӯянд, ки дар давраи авҷи пандемия ва карантин ташкилотҳои махсус шахсони дар Русия бударо бо маводи хӯрока таъмин мекарданд...?

-Дигар муҳоҷиронро намедонам, вале шахсан ба ман ва ба бачаҳое, ки ҳамроҳам буданд, ягон ташкилот дар давраи коронавирус ҳатто як дона нони бе пул надодааст. Хӯрду хӯрокамон аз ҳисоби худамон буд.
-Муҳоҷирони тамоман бе пул монда чӣ кор мекарданд?
-Бачаҳои тоҷик ҳатто дар давраи вазнини пандемияи коронавирус одаму одамгариро фармӯш накарда, дасти ҳамдигарро мегирифтанд. Мо маблағи охирини дар даст доштаамонро бо ҳам қисмат мекардем ва як пора нонро бо якдигар мехӯрдем.

-Муҳоҷирони бар асари коронавирус фавтидаро чӣ гуна дафн мекарданд?
-Аз бачаҳои ҳамроҳи ман кормекарда бисёриҳо ба ин беморӣ гирифтор шуда бошанд ҳам, хушбахтона ҳама ҷон ба саломат бурданд, вале тез-тез мешунидем, ки фалон муҳоҷири тоҷик ё ӯзбек аз коронавирус мурдааст. Азбаски роҳҳо баста буданд, муҳоҷирон пул ҷамъ карда, ҷасади фавтидагонро дар ҳамон ҷо ба хок месупориданд...
Бемории Мустафо дар Русия қариб се моҳ тӯл кашид. Дур аз Ватан, дур аз ёру диёр азобҳои зиёде кашид ин ҷавони муҳоҷир. Дилаш ба ёди падару модар ва зану кӯдаконаш гум мезад. Мехост ҳарчи зудтар ба дидори азизони дилаш бирасад, аммо...
“Нархи чиптаи ҳавопаймо ду-се барбар баланд шуда то 45-50 ҳазор рулби русӣ расида буд. Ман тайёр будам, ки ба ҳар қимате набошад, ба Ватан баргардам, аммо ду мартиба чипта харида бошам ҳам, парвоз кардан ба Душанбе бароям муяссар нагашт. Ҳамин тавр то мҳи август дар Русия монда, хеле азият кашидам. Охирҳои моҳи июл хабар расид, ки додарам дар Тоҷикистон аз коронавирус вафот кардааст. Баъди шунидани ин шумхабар як муҳоҷири хайрхоҳи тоҷик бароям чипта гирифта, маро ба Ватан гусел намуд,-қисса мекунад Мустафо.

Хушбахтона, хабари марги бародари Мустафо дурӯғ баромад. Ин ҷавони тоҷик ба шакли вазнини коронавирус гирифтор шуда бошад ҳам, шифо ёфт, вале аҳли оилаи ин муҳоҷири тоҷик дар давраи пандемия азобҳои зиёди иқтисодӣ ва равонӣ кашиданд.

Имрӯз Мустафои Абдуғаффор дар ҳалқаи пайвандонаш орому осуду умр ба сар мебарад, аммо мушкилиҳои иқтисодӣ то ҳол домангираш ҳастанд.
“Ман аз компанияи “ЮТЕР” бо нархи бист ҳазор рубли русӣ чиптаи ҳавопаймо харида будам, вале ин ширкат корро се моҳ кашол дода, ҳар дафъа парвозро ба вақти дигар мегузошт. Билохира, бародарон аз дигар ширкат чипта харида маро ба Ватан гусел намуданд. Мегӯянд, ки ин ширкат бояд ҳадди ақал 80%-и маблағи чиптаро баргардонад, вале ростӣ намедонам бо ин масъала ба куҷо муроҷиат намоям. Бист ҳазор рулби русӣ ҳам маблағи андак нест, бо пули миллии худамон қариб се ҳазор сомонӣ мешавад. Мани муҳоҷир, ки айни замон ягон ҷойи кори аниқ надорам, бо ин маблағ метавонистам хӯрду хӯроки се-чор моҳаи аҳли оилаамро захира намоям,- мегӯяд Мустафо Раупов.
Мустафои Абдуғаффор ягона муҳоҷири меҳнатии тоҷик нест, ки дар давраи пандемия дар Русия азият кашидааст. Аксари муҳоҷирони мо бо чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ташкилотҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд дар чунин ҳолатҳо дасти муҳоҷиронро гирифта, ба онҳо ёрӣ расонанд, вале мушкилоти асосӣ дар он аст, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҳуқуқҳои худ хабар надоранд ва дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ба куҷо муроҷиат намуданашонро намедонанд.

Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирон ва дарҷи маводҳои омӯзанда дар ин мавзӯъ дар матбуот ва сомонаҳои иҷтимоӣ метавонад ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД