Сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғдро аз вазифа озод карданд. Ёдрас мешавем, ки рӯзи 12-уми январ дар ин таваллудхона аввалин шашгоникҳои дар Тоҷикистон таваллуд шуда аз олам гузашта буданд ва наздиконашон дар марги шаш тифли маъсум табибонро гунаҳкор медонистанд.
Нӯрӣ Дадобаева, сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд ба нафақа гусел карда шуда, ба ҷойи ӯ муовинаш Мунира Валиева сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд таъин гаштааст. Дар ин бора худи Мунира Валиева, ки муддати 8 сол боз дар ин таваллудхона вазифаи муовини сардухтурро иҷро мекард, хабар додааст.
11-январ дар таваллудхонаи вилоятии Суғд шашгоник ба дунё омад, вале баъди як шабонарӯз ҳамаи тифлакон фавтиданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ расман сабаби марги шашгоникҳоро дар норасид ва бо вазни аз ҳад кам- 500-700 грамми ба дунё омаданашон маънидод намуд, вале пайвандони шашгоникҳои ғуррамарг, аз ҷумла бибиашон Залияхон Раҳимова дар марги шаш тифи маъсум кормандони таваллудхонаро гунаҳкор дониста, иддао доштанд, ки шашгоникҳо бо сабаби хунукназарии табибон аз олам гузаштанд. Залияхон Раҳимова дар суҳбат бо “Азия-плюс” гуфта буд, ки духтараш қариб се соат дар таваллудхона навбат поидааст ва агар сари вақт ба ӯ ёрии тиббӣ мерасониданд, шояд ин фоҷиа рӯй намедод.
Ба гуфти ин зан, оилаи духтараш қабл аз ин фарзанди даҳмоҳаашонро аз даст дода буданд ва марги шашгоникҳо болои сӯхта намакоб гашт.
Пайвандони шашгоникҳои ғуррамарг аз болои табибон ба сарвазири мамлакат арз карда, гуфта буданд, ки баъди аз таваллудхона ҷавоб шудани модари шашгоникҳо ба прокуратураи генералӣ расман шикоят хоҳанд кард, вале ҳанӯз маълум нест, ки марги шашгоникҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида мешавад ё не.