Arzon march 2024
Сардори БДА-и кишвар иваз шуд
490

Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагиҳои хориҷии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҳроб Қурбонзода аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Рустам Мирзомуродзода ба ин мақом таъин гардид.

Ҳамчунин, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ оид ба самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида фаъолияти соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳамагуна қонунвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шудааст, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамзамон, тибқи ду Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания озод шуда, Шараф Шерализода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, ҳамзамон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева таъин карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД