Сарнавишти талхи як зани тоҷик, ки дар
Русия ба доми ғуломӣ афтида буд
Субҳ ба кор омада, аз рӯйи одат хостам саҳифаҳои иҷтимоии худро аз назар гузаронам. Баробари кӯшодани телеграм ҳуш аз сарам парид. “Салом апаҷон! Илтимос, ҷони маро аз марг наҷот диҳед! Ман айни замон дар шаҳри Москва қарор дорам. Вазъиятам бениҳоят бад ва ҷонам дар хатар аст. Касе, ки маро ба ин ҷо овард, қасам хӯрдааст, ки агар гуфтаҳояшро иҷро накунам, сарамро аз танам ҷудо мекунад ва мурдаамро дар ягон гӯшаи ҷангал гӯр мекунаду касе ному нишонамро намеёбад...”
Бо тақозои вазифа бо одамони ба мушкилот гирифторшуда тез-тез рӯ ба рӯ мешавам, вале ҳолати ин зан бениҳоят душвор ва ҳатто хеле даҳшатангез буд. Ростӣ, дар оғоз худро гум карда, ба номаи ин зани ношинос чӣ ҷавоб гуфтан ва чӣ кор карданамро намедонистам, баъди хеле андеша кардан ба хулосае омадам, ки бояд сароғоз бо ин зани муҳоҷир тамос гирифта, кию чикора буданашро аниқ намоям ва бо вазъияташ ошно шуда, баъдан роҳи ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намоям. Сӯҳбати мо бо Анора тариқи интернет қариб як соат тӯл кашид, вале танҳо пораеро аз саргузашти талхи ҳамсӯҳбатам манзури хонандагони азизи ҳафтаномаи “Оила” мегардонам, то ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гашта, пеш аз он, ки ба коре иқдом менамоянд, сад бор оқибаташро андеша намоянд, зеро мушкили асосии бонувони мо дар содагию зудбовариашон буда, бо ҳамин сабаб ба осонӣ ба доми фиреб меафтанд.
-Салом хоҳари азиз! Ростӣ, муроҷиати шумо маро сахт ба ташвишу изтироб овард. Метавонед бигӯед, ки чаро дар Тоҷикистон нею дар Русия ҳастед ва кӣ ба шумо таҳдид мекунад?
-Салом апаҷон. Ман як зани бефарзанд, бе толеъ ва бе хонаву дарам. Дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон зода шудаам ва ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба Русия омада, ба доми бало гирифтор шудам. Касе, ки маро ба ин ҷо овард, акнун таҳдид карда истодааст, ки агар гуфтаҳояшро иҷро накунам, сарамро аз танам ҷудо карда, дар ягон гӯшаи ҷангал таги хок мекунаду дигар касе нишонамро намеёбад.
-Номатон чист? Аз куҷои Тоҷикистон ҳастед ва шахсе, ки шумро ба Русия бурд, чӣ мехоҳад?
-Нигора ном дорам. Нигораи бетақдир. Худованд ба мани сарсахт ҳусну ҷамоли зеберо ато намуда бошад ҳам, аз чашидани лаззати бахт бенасибам гардонидааст. Бо шавҳарам солиёни зиёд ба як болин сар монда бошем ҳам, ниҳоли умрамон бор наовард. Сарамро ба сад дар зада бошам ҳам, на мулло кӯмак карда тавонисту на духтур ва оқибат бо сабаби бефарзандӣ шавҳарам талоқамро дод.
-Дубора шавҳар карда, ба Русия рафтед?
-Не, сабаби ба Русия рафтанам чизи дигар буд. Падару модари ман одамони бениҳоят камбағаланд, бар замми ин, ду бародари маъюб дорам. Ба хотири табобати модари бемор ва бародарони маъюбам роҳи Русияро пеш гирифтам, охир аз куҷо медонистам, ки дар ин ҷо ба доми бало гирифтор шуда, ғулом шуда мемонам.
-Муфассалтар нақл карда метавонед, ки чӣ тавр ба доми фиреб афтидед ва шахсе, ки шуморо ба ин варта афканд, чӣ мехоҳад?
-Ман пештар дар як идораи давлатӣ кор мекардам ва шахсе, ки маро ба ин ҷо овард, бо як кори шахсиаш меҳмони идораи мо гашту бо амри тақдир шинос шудем. Азбаски дар синну сол аз ман хеле калон буд, ман ӯро ҳурмату эҳтиром карда, ака мегуфтам, аммо дилу нияти ин мард дигар будааст. Аввалҳо ӯ худро хеле инсони хуб ва меҳрубон нишон медод. Мани сода ба суханонаш бовар карда, ҳамчун як шахси наздик, хешу табор қабул кардам. Оҳиста-оҳиста ба хонаамон рафту омад мекардагӣ шуд. Падару модарам ҳурматаш мекарданд, аммо ин кӯрнамак духтари камбағал ва бе касу кӯй буданамро дида, оқибат маро ба домаш афканд ва бо ваъдаи дар шаҳри Маскав бароям кори сердаромад пайдо кардан, маро ба Русия оварда, гирифтори сад бало кард.
-Он мард кист ва аз шумо чӣ мехоҳад?
-Ному насабашро гуфта наметавонам, зеро вай худаш танҳо нест ва аъзои як гурӯҳи хатарнок мебошад. Метарсам, ки маро дар ягон гӯша кушта напартоянд.
-Ақаллан гуфта метавонед, ки ӯ аз шумо чӣ мехоҳад ва чаро қасди куштанатонро намудааст?
Давом дорад