new banner new years
Санҷиши манъи вуруд ва ташхиси изи ангушти муҳоҷирон арзон шуд
580

Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии  Русия дар Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳои худро барои санҷиши манъи вуруд ва гирифтани изи ангуштон аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нисбатан пасттар кардааст.

Қаблан барои санҷиши манъи вуруд муҳоҷирони меҳнатӣ 460 сомонӣ маблағ мусупориданд, вале шуруъ аз 1-уми декабр онҳо ҳамагӣ 153 сомонӣ месупоранд. Ташхиси изи ангуштон бошад, ҳамагӣ 60 сомонӣ арзиш дорад. Дар ин хусус Хадамоти муҳоҷират хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Русия дар Тоҷикистон акнун барои анҷом додани санҷиши манъи вуруд ва ташхиси изи ангуштон аз муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамагӣ 213 сомонӣ мегирад.

Тасмими мазкур дар пайи дархосту пешниҳодҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Русия дар Тоҷикистон амалӣ гаштааст. 

Намояндагӣ ба шахсоне, ки хоҳиши дар Русия кор кардан доранд, дар санҷиши манъи вуруд, гирифтани изи даст ва дигар амалиётҳои зарурӣ кумак расонида, кори онҳоро осон менамояд. 

“Ин имконият медиҳад, ки шумо дар фурудгоҳҳои қаламрави Русия мунтазири омодашавӣ ва назорати ҳуҷҷатҳоятон нашуда, дар муҳлати кутоҳтарин аз санҷишҳои мақомоти салоҳиятдор гузаред”,- омадааст дар хабар. 

Ёдрас мешавем, ки Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия охирҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе боз шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки қабл аз сафар ба Русия дар ин намояндагӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.

Намояндагӣ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 121, дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД