Formula september
Санҷиши иҷозати вуруди тоҷикон ба Русия пулакӣ мешавад
667

Шуруъ аз 1-уми сентябри соли равон хизматрасонӣ дар Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бақайдгирии изи ангушт, санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Русия ва дигар хадматрасониҳои ин ниҳоди русӣ ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки ин намояндагӣ 28-уми майи соли равон ба кор шуруъ кард. Он дар бинои Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Федератсияи Русияро доранд, муосидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД