Formula novemver 2024
Сангвор: ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида кумак расонида шуд
314

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ ҳамроҳ бо Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар ҶТ ба сокинони аз сел осебдида кумак расонидааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, аз ҷумла, ба 42 хонавода дар деҳаи Ёзғанд, ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор маҳсулоти хӯрокворӣ - ба ҳар оила 50 кг орд, 2 литр равғани растанӣ ва 5 кг нахӯд расонида шудааст.

Кумакҳо дар ҳузури Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва кормандони масъули КҲФ ба ниёзмандон тақсим карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД