arzon replenishment
Санъати тоҷикро киҳо муаррифӣ мекунанд?
252

Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Дар ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ 110 нафар ҳунармандони тоҷик иштирок менамоянд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, барои иштирок дар “Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон” як гурӯҳи калони иборат аз 110 нафар ҳунармандон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба Озарбойҷон сафар намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон то 23-юми май идома ёфта, дар доираи он барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ Рӯзҳои китоби тоҷик низ доир хоҳад шуд.

Рӯзи 23-юми май дар шаҳри Ганҷаи Озорбойҷон барномаи фарҳангию ҳунарӣ бо иштироки санъаткорони тоҷик пешниҳод мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД