Ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев фаъолияти футболбозии худро дар чемпионати Ироқ идома хоҳад дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон расман хабар додааст.
Футболбози тоҷик ба ҳайати дастаи пешсафи Лигаи олии Ироқ - «Ал-Карма» ҳамроҳ шуд. Айни ҳол бошгоҳи мазкур дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Ироқ қарор дошта, барои мақомҳои баланд мубориза мебарад.
Шаҳром Самиев то ин дам таҷрибаи бойи бозӣ дорад. Ӯ фаъолияти касбии худро дар дастаҳои дохилии кишвар, аз ҷумла «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол» идома дода, ҳамзамон дар чемпионатҳои хориҷӣ низ ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, Самиев дар лигаҳои Молдова, Беларус ва Ӯзбекистон бозӣ намуда, таҷрибаи байналмилалии арзишманд андӯхтааст. Охирин бошгоҳи Самиев тими «Андиҷон» буда, бо ин бошгоҳ барандаи Ҷоми Ӯзбекистон дар соли 2024 шудааст.
Қобили зикр аст, ки Шаҳром Самиев аз соли 2019 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 47 бозӣ анҷом дода, ба задани 13 гол муваффақ шудааст.
Гузариши Самиев ба чемпионати Ироқ метавонад қадами муҳими дигар дар рушди фаъолияти касбии ӯ ба шумор рафта, ба баланд шудани сатҳи бозии ҳамлагари тоҷик ва муаррифии бештари футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.