Салмон Хон, ровӣ ва ҳунарманди 54-солаи ҳинд ҳамроҳ бо аҳли оилааш давоми 14 рӯз ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Дар ин бора сомонаи “Кинотека” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ронандаи шахсии ҳунарманд ва ду хизматгори ӯ бо ташхиси COVID-19 дар беморхонаи Мумбай бистарӣ шуда, ҳунарманд ва аҳли оилааш сар аз 18-уми ноябр барои 14 рӯз ба карантин фаро гирифта шудаанд. Салмон Хон бар он бовар аст, ки кормандонаш ба зудӣ шифо ёфта, аз бемористон мураххас мешаванд, вале дар бораи вазъи саломатии худу хонаводааш чизе нагуфтааст. Қарор буд, дар ин рӯзҳо солгарди арӯсии Салим Хон ва Салма Хон, волидони Салмон Хон таҷлил карда шавад, аммо бинобар вазъияти ногувори баамаломада, ин маърака ба таъхир гузошта шудааст. Ёдовар мешавем, ки Салмон Хон ровигии мавсими 14-уми шоу-барномаи “Bigg Boss”-ро низ ба ӯҳда дошт. Тақдири қисматҳои навбатии барнома чӣ мешавад, номаълум боқӣ мондааст. Агар ахбори тозае ба даст овардем, дар шумораҳои баъдӣ шуморо огоҳ хоҳем кард.