Arzon march 2024
Саховати навбатии Исмоили Маҳмадзоҳир
759

Исмоили Маҳмадзоир, Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо нашру ду акс аз марҳум Авазхуҷа Каримов ва писаронаш Мунису Абубакр тариқи instagram бо арзи тасаллият ба Мунису Абубакр бори дигар ёдовар шудааст, ки онҳоро сарпарастӣ мекунад.

«Чӣ гунае ки бо падаратон ваъда дода будам, то зиндаам шуморо сарпарастӣ мекунам ва донед, ки ман ҳарфи худро бозпас намегирам»,-таъкид кард Исмоил.

Ёдовар мешавем, ки Авазхуҷа Каримов ҳафтаи гузашта дунёро тарк кард. Ӯ барои рушди фарзандонаш тамоми корро кард то он муваффақ гарданд, вале дар авҷи муваффақияти онҳо марг ӯро аз фарзандонаш ҷудо кард.

 

Худи Авазхуҷа дилбохтаи футбол буд. Ӯ ба ин навъи варзиш шавқу рағбати зиёд дошт ва 7 сол футбол бозӣ кард. Пас аз муддате ба хулосае меояд, ки бо футбол наметавонад парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорад. Ӯ тасмим гирифт фарзандонашро ба варзише ҷалб намояд, ки  дар Тоҷикистон рушд накардааст ва ҳардуро, ки он замон 5 ва 4-сола буданд, ба риштаи ҷиу‑Ҷитсу  ҷалб намуд.

 

“Ман ба хотири фарзандонам ба хотири ватанам кулли дороиямро фурӯхта ба Федератсияи Русия рафтам. Дар аввал давоми 6 моҳ дар хона бо онҳо тамрин мекардам. Баъдан онҳоро ба мактаби варзишии  Расул Боқиев супоридам. Онҳо дар аввал аз риштаи ҷудо машқро шурӯъ карданд ва чанд муддат зери назари Артём Сергеевич бо ин намуди варзиш машғул шуданд. Баъдан ба хулосае омадам, ки фарзандонамро ба намуди варзише ҷалб намоям, ки дар арсаи ҷаҳон давлати Тоҷикистон намояндае надорад.  Пас аз ин дар риштаи Ҷиу‑ҷитсу машқу тамрин намуданд”, ‑ қисса карда буд Авазхуҷа Каримов падари ин ду наврас.

 

То кунун Мунис зиёда аз 66 медал ва бародари ӯ Абубакр 55 медали тилло ба даст овардаанд. Бародарон Мунису Абубакр ҳамагӣ 9 ва 8 сол дошта, бо вуҷуди ин аллакай дар ҷаҳони Ҷиу-ҷитсу нотакроранд. Моҳи январи соли равон Мунис ва Абубакр Давлатовҳо (вазни 30 кг) дар суперлигаи RGSA боз мақоми аввалро касб карданд.

 

Писарони ӯ Мунис ва Абубакрро шоҳони Ҷиу-ҷитсу ном мебаранд. То кунун Мунис зиёда аз 66 медал ва бародари ӯ Абубакр 55 медали тилло ба даст овардаанд. Бародарон Мунису Абубакр ҳамагӣ 9 ва 8 сол дошта, бо вуҷуди хурдсолӣ аллакай дар ҷаҳони Ҷиу-ҷитсу нотакроранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД