Асрори азал
Мӯйсафеди Носир бемор буд, аҳли деҳа ба хабаргирии ин пири порсою Худотарс рафта меомаданду сифати фарзандонашро мекарданд, ки чӣ гуна падари пирашонро болои дида мегардонанд. Мӯйсафед дар ҷойгаҳи баланду оҳарӣ хоб буду зери лаб зикри Худо мегуфт, даҳ фарзанд- шаш писару чор духтар дар гирдаш парвона буданд. Аслан мӯйсафеди Носир бо ҳамсараш Мастурамоҳи гулдаст ҳашт фарзанд доштанд, вале хоҳари ягонаи Носир сари фарзанд аз олам мегузараду шавҳараш баъди додани соли ҳамсараш аз бемории сил мефавтад, мӯйсафеди Носир ду писари бесаробон мондаи хоҳарашро низ дар баробари фарзандони хеш калон карда, маълумоти олӣ дода, соҳиби хонаву дари алоҳида мекунад. Кам касон медонистанд, ки Саиду Сафӣ писар не, ҷиянҳои мӯйсафеди Носиранд, зеро мӯйсафеду кампир онҳоро аз фарзандони худ болотар дӯст медоштанду навозиш мекарданд. Мӯйсафед ба наваду панҷ қадам гузошта, боре бо касе ҷангу ҷанҷол ва носозӣ накарда буд, то дасташ омадан ба дармондагон ёрӣ мерасонид ва ҳамагон дӯсташ медоштанду ҳурматашро ба ҷо меоварданд. Мӯйсафед як моҳ боз ранҷ мекашид, баъзе шабҳо табаш баланд шуда, ҳазён мегуфт. Ӯ ҳамеша як ибораро такрор мекард: “Ширҳоро омехта накунед, ширҳоро омехта накунед”. Чун каме ба худ меомад, фарзандонаш дар бораи суханҳои ҳангоми беҳушӣ гуфтааш мепурсиданд, вале мӯйсафед хомӯш буд… Сирри ин ибораро кампири Мастурамоҳ, ки аз шавҳараш понздаҳ сол хурд ва ҳоло бақувват буд, кушод…
Ҳаққи ятим
Кампир як субҳ писари калонияш Аҳмадро ҷеғ зада гуфт:
-Бачаҷон, ман чанд рӯз боз фикр кардаму акнун ба ёдам зад, ки падарат чӣ мехоҳад. Соле, ки аммаат сиёҳпича шуду баъд аз ӯ язнаат, хешу табор мехостанд Саиду Сафиро ба хонаи ятимон супоранд, аммо ману падарат ба хотири Гулмоҳи ҷавонмарг онҳоро ба тарбияи худ гирифтем. Ду ятим ғайри як кулбаи вайрона ва як гови бордор чизе надоштанд. Падарат хост, ки говро кушта, ба ҳаққи Гулмоҳу шавҳараш нон кунад, вале пирони деҳа гов бордор асту фардо гӯсола мекунад, он нонтарии ятимакон мешавад гӯён, нагузоштанд. Падарат як гӯсфанди чории фарбеҳро кушта, ба ҳаққи гузаштагон нон карду кулбаи холии хоҳарашро ба як марди ноқисулақлу фарзандони овораи ӯ бахшида, ҷиянҳояшро гирифта ба хона овард. Чун гов гӯсола зоид, падарат ҳамеша таъкид мекард, ки ширашро ҷудогона пухта, ба Саиду Сафӣ диҳем. Ҳаққи сағирон ҳаром аст, гӯён ҳамеша таъкид мекард, аммо ман хуши ҷудогона пухтани ширро накарда, онро бо шири говҳои худамон якҷоя мекардам. Худат шоҳидӣ, ки мо Саиду Сафиро хонондем, соҳиби тахту бахту хонаву дар кардем, имрӯз ҳар кадоме соҳиби зиндагии алоҳидаву кору бор аст. Ҳоло ҳам онҳоро аз шумо кам намедонам, аммо падаратро дар сакароти мавт ҳамин чиз азоб медиҳад, ин гуноҳи ман аст…
Давом дорад.