Адои қарз
Аҳмад дар корхонаи бонуфузе ифои вазифа кунад ҳам, марди хоҷагидору гову молдоре буд, худи ҳамон рӯз ду гови гӯсоладорро бор карда, якеро ба хонаи Сафӣ ва дигареро ба хонаи Саид бурда фароварду гуфт, ки падарашро бахшанд. Саиду Сафӣ гардани бародарашонро гирифта, зор-зор гиристанду гуфтанд, ки “акаҷон, шумо моро шарманда карданиед, охир хизматҳои тағову янгаамро, ки барои мо чун падару модаранд, то қиёмат баргардонида наметавонем”. Аммо Аҳмад, ба нею нестони бародарон нигоҳ накарда, қарзи фарзандияшро ба ҷо овард. Ҳамон шаб ҳама фарзандон сари болини падар ҷамъ омаданд, мӯйсафед мисли давраи солимиҳояш гап мезаду панд мегуфт. Саиду Сафӣ бо димоғи гирифта меистоданд, мӯйсафеди Носир ба онҳо нигариста гуфт:
-Хафа нашавед, писаронам, ин ҷо на айби ман асту на айби Аҳмад, ин имтиҳони зиндагист, ки супориданаш ниҳоят сахт будааст…. Мӯйсафеди Носир ба фарзандонаш ҳикояте кард, ки ҳеҷ гоҳ нашунида буданд:
- Солҳои ҷавонии мо давраҳои баъд аз ҷанги бузурги ватанӣ қаҳтии сахт омад. Ман бо якчанд рафиқонам ба Бухорою Фарғона ба мардикорӣ рафтем. Корҳои ҳархеларо ба иҷро расонида, гуруснаю ташна мегаштем ва як сум-ним суми ёфтаамонро барои ба ватан баргаштан пинҳон мекардем. Як рӯз дар як бозор ҳаммолӣ карда, сахт гурусна мондам, рӯзи дароз чизе нахӯрда будам, назди каллапазе рафта, як каллаи пухтаи гӯсфандро харидорӣ кардаму онро миёни ноне монда, ба миёнам бастам. Ҷойи пинҳоне мекофтам, ки дур аз чашми мардуми гурусна онро бихӯрам, хеле роҳ рафта, ба гӯристоне расидам, касе набуд. Миёни гӯрҳои наву кӯҳна миёнбандамро кушода, нону гӯштро наздам гузоштам, нав ду-се луқма хоида фурӯ бурда будам, ки овози минг-минге ба гӯшам расид. Аз пушти садо рафта, дар сӯрохии гӯри кӯҳна модасагеро дидам, ки рӯ ба раҳми Худо мехобиду бачаҳояш синаҳои пажмурдаашро комак мезаданд. Нону гушти боқимондаро назди саг гузоштаму дар дил гуфтам: “Худованд ризқи ҳамин саги гурусна ва бачаҳояшро бо дасти ман фиристода будааст…” Мӯйсафед инро гуфту оби чашмонашро бо рӯймолчаи сафеди оҳарияш покиза кард. Фарзандонаш низ мутаассир ба падари хирадмандашон менигаристанд, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи азобҳои кашидааш гап намезад….
Подоши некӣ
Субҳи барвақт мӯсафед сурфаи кӯтоҳе заду писаронаш, ки дар паҳлӯяш хоб буданд, аз ҷояшон хестанд. Кампираш дарав чой монду таҳорат карда, намозашро хонд. Сари хони ношто мӯйсафед гуфт:
-Имшаб ҳамон модасаги зардро дидам, ду даст сӯйи осмонҳо нӯла мекашиду аз Худованд осон шудани мушкили маро талаб мекард… Мӯйсафеди Носир нақлашро ба итмом расонида афзуд:- Ба шафқати Худованд умедворам, ки аз даргаҳаш ноумед намегардонад… Мӯйсафед субҳдамодам дунёро падруд гуфт. Фарзандону наберагон аз ин нақли пири хирад маънӣ бардошта, некиро сармашқи кори худ кардаанд.
Ҳилола