arzon replenishment
САҒИРА НА ТАХТ ДОРАДУ НА БАХТ
27.11.2020
ОИЛА
5057

"Модарҷон! Маро бубахш, ки боз, баъди чанд соли дароз рӯҳи туро беқарор мекунам. Қасам хӯрда будам, ҳаргиз туро ноором насозам, бубахш, эй ягона мутаккои дилам, дигар натавонистам… Кош медонистам хоки мазори ту куҷост, рӯи он сар молида зор-зор мегиристаму абри бастаи ғуссаҳои талхякбора фурӯ мерехтам. Чӣ бетақдир будаам, ки ақаллан ҳамин илтифоти худро муносиб надид худованд.

Пас бубахшо, ки ба ҷузъ саҳифаи холиву қалам пуштибоне надорам. Кош ба ҷои ту ман мерафтам аз ин олами дун, модари дидорнадидаам. Маро танҳо гузоштӣ ба сахтиҳо, ба озору пастиҳо, ба тақдир, ба хорӣ ва машаққатҳо. Бигӯ, модарҷон, гуноҳи ман чӣ буд? Чӣ гунаҳе аз ман назди парвардигор бигзашт, ки гули ҳуснам дод ба хори ғам печида, ақл атоям кард, ки мекашам азоби сангинаш. Доғдидаву доғзадаи қисмат пеши ту боз мекунам дили шикастаамро. Бубин, модарҷон, дар он пораи бутуне ҳаст? Мешиносӣ. қатраҳои дил мерезад аз дидагонам.
Ҷузъ рӯҳи поки ту имрӯз маро мададгоре нест, модарҷон… Хомӯшаму ба ашк ифшо мекунам қабат-қабат ғами зангбастаи дил. Қасам ба рӯҳи покат, гуноҳе накардам дар ин дунё. Амри Худованд мепиндоштам, ҳар зарбае, ки аз чӯби қисмат меомад. Сари хам доштаму тавозӯву итоати кулл. Мехостам аз худо, туро як лаҳзае зинда дорад барои ман, то боре чехраи туро бинам, шиносам туро ва боре оғӯшам гирию ҳасрат шиканам: "Модарҷон!"

Эҳсос мекунам, рӯҳи ту наздики ман, нигаҳбонам. Лаҳзаҳои мушкилтарин овоям мекунад, ки "Сабур бош!". Охир чӣ талхиҳои сабр фурӯ бурдам, модарҷон, заҳр гашт ҳама пайкарам, дард ҳама ҳастиям. Хок болинам буду хор парасторам. Як рӯзи шодӣ мехоҳам модарҷон, як рӯзи мусаффои зиндагӣ, як рӯзи умед, як рӯзи неки холӣ аз олам, аз озор, аз дуруштӣ… Охир ман ҳам инсонам, модарҷон! Агар наздики Худовандӣ, бирамон ниёиши маро, бипурс як рӯзаке ба ман, як рӯзи шодӣ.

Сағира на ишқ доштааст, на бахт. Онеро, ки дӯсташ медоштаму аз ҷон дӯсттар медошт, чаро тақдир насибам накард. Меҳри модарӣ ҷустам, сабзидам ба шохаи ӯ, айни гули мурод ӯро ҷудо сохтанд аз ман. Ва мондам танҳо бо шавхари занакбозу шаробхора… Ох, ҳама шаб тар буд болини сабрам, модарҷон. Модар шудам, соҳиби фарзандони озода, вале дигар нашуд пешонаи шӯрам. Чӣ кунам, ки такрори мананд фарзандон, як ба як, чӣ ба ҳусн, чӣ ба акл, чӣ ба дониш, чӣ ба меҳру вафо. Ҳар субҳ илтиҷоям аз Худованд бахти онҳост. Кош мешунид охирин тазаррои маро:

-Худоё, ҳамтакдири ман нагардон фарзандони маро. Аз мани хушкида биситон охирин қатраҳои кину қасди хеш, як барг хазони поям кун, вале бимон, ки сероб бошад меҳру навозиши падар, ба нахли умрашон, доғи модар набинад дили ба хори хунобгирифтаи онҳо. Ва сабр кардам, то номи бепадарӣ набардоранд.

Оҳ, модарҷон, бигӯ, чӣ гуна кудрате ёбам ба ҳимояи фарзандони худ, ки дашном аз падар мешунаванд бегуноҳ. Хор ба дили нозуки онҳо мешиканаду аз қуввати дармон оҷизам, намехоҳам мисли ман бе падар бошанд. На, модарҷон, на!
Ту боре эҳсос сӯхтани он дарде, ки падар қадаҳи шароб аз зану фарзанд боло гузошт, напечидай чун мӯй аз оташи ҷонсӯзи хақирие, ки фарзанд ба дифои модари дидагирёну таҳқирдидааш чуръати сухане гуфтан надорад ба хотире, ки аз хуни ин падар аст ва дӯст медорад падари шаробхораи хеш. Чӣ сангин аст таҳаммули ин курбониҳои дареғ, ки ҳаргиз қадр нашуд. Лаб газида хомӯшам.
Забонбаста аз он ки модарам, бахти фарзанд мехоҳам бар ивази шикастагиҳою ҷабри ноҳақи тақдир, ки ҳусни баҳорони беҳтарини умр бахшидам. Охир мегуфтанд падари ман марди мехрубон буд, чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард моро, ҷамъи сарвату дороияш ба сағирабони ду ятимаки худ гузошт. Бо амри пурҷафои қисмат туро низ ёд надорам.

Ҳалқаи номус дар гардан, сабр занҷири по, бори гарони муросо мекашам, модарҷон. Таъмини рӯзгор бар дӯш, кафили тарбияту камоли фарзандон, додгустарӣ наёмад аз дастам. Бесадо гиристам, бесухан нола кардам зор шабҳои танҳоӣ. Шабҳое, ки хаставу лакот аз кор баргашта, пас аз интизориҳо рӯи гаҳвора ғанаб мебурд маро. На ҳар иродаи мард аз макри шайтони шароб ва оҷузи зино ғолиб будаст, олудаи фасодро имон заиф гардад.

Шаробзадаро чизи муқаддасе нест, на сухан, на қавл, на раҳм на вафо. Ҷаҳлу ҷунун оқибат кунду вожгун месозад ақл, хайф, сад ҳайфи ин ақли мард. Муттаҳам мекунад шароб, ғарибу бенаво мекунад шароб. Имшаб қарор додам, меравам аз ин дунёи фонӣ. Дигар дарахти сабрам хушкид, ниҳоли тамкини ман бор наовард, ҳар рӯзу моҳи умри ғамолудаи ман хазони рӯи каф беш набудааст. Маро бубахш модар, ҷуз ту каси суханшунавам нест. Ризоияти рӯҳи ту мехоҳам…

Субҳ барвақт хеста, рӯи ҷогаҳи духтаракам Муҳиба нишастам. Оҳиста мӯйҳои парешони ӯро тахт кардам, хоби ширини ўро халалдор сохтан нахостам. Дар рӯи катча онсӯтар писарчаи хурдиам Сарафроз хоби маст буд. Ба мехр аз рӯяш бусидам, як ҷунбиду боз ба хоб рафт. Дил тоб хӯрду ларзаи ба дасту поямдавид. Наход ин дидори охир бошад, наход ҳамин тавр чизе нагуфта, огаҳ накарда падруд бигӯям, бо ин дунёи носозгор. Баъд…

Баъдчӣ мешавад? Пеши чашм овардам, он чиро, ки баъди рафтани ман рух хоҳад дод. Худро вораҳонида фарзандони худро ба чоҳи ғаму ғарбати якумара намеандозам? Чун ҷисми беҷони маро аз дарё мекашанд, аввал аламу мусибати фарзандони ман намешавад? Ҳайрону зор аз кӣ мадад меҷӯянд? Аз падари сангдилу майзада? Дили кӣ месӯзад ба рӯзи талхи онҳо, чун падари бепарво ба ҳоли худ гузорадашон. Кӣ модар мешаваду мехрубон ба ҷои ман?

Муҳиба арӯси нозанине хоҳад шуд, ҳаққу ҳамсояҳо ҳаваси ақли расою ҳусни волои ўро мехӯранд, вале андеша доранд хостгорон аз шаробхорагии падар. Сарафроз аз ноилоҷӣ магар аз баҳри хондан барояду фикри як бурда нон ёфтан кунад, то хоҳараку додарчаи мактабхонаш Ширину Сиёвуш гадай накунанд. Падар бо ҳақорату дашном рӯзашонро аз будааш сиёҳтар мекунад.

Ва он гаҳ зери хок осуда метавонам хуфт? Дар хонаи дигар, гӯё ҳеҷ воқеае рӯй надода бошад, хурроккашон падари бачаҳо ба хоби сахт рафта буд. Бо кароҳат ба чашмони варамидаю пӯсти аз заҳри шароб сиёхгаштаи ӯ як назар андохтаму боз бишкастам дар худ. Худоё чӣ заифу нотавон кардаст ӯро шароб?! Сӯи дар чанд қадами устувор мондам.

-Модарҷон, куҷо меравед ин қадар барвақт? - чашмони хоболуди худро молида хест Сиёвуш. У имсол бори аввал ба мактаб рафт. Барвақт мехезад ҳар рӯз, ки мабодо ба мактаб дер накунад. Аввал сарулибоси озодаи мактабӣ, китобхову анбонашро хабар мегираду баъди он ба меравад.

-Ба куҷо мешуд, ба кор…, - гӯё сари ҷинояте дастгир шуда бошам, ба таҳлука мондам аз қарордоди худ.

-Тезтар биёед, майлаш, - банохост илтиҷоомез гуфт Сиёвуш. Дадаи боз арақхӯрда моро ҷанг мекунад… Башаст қафо гаштам. Сари Сиёвуши ҳайронмондаро сахт ба сандуқи сина пахш кардаму аз дард беихтиёр инони гиряро сар додам. Рӯй ба сару мӯяш молидам.

-Не, бачаҷон, дигар ҳеҷ вақт дадаш шумоёнро чанг намекунад, дашном на-
медиҳад…

-Охир шаб шуморо зад-ку., - нобоварона даст ба гарданам ҳалка кард писарчаам.

-Маро ҳам дигар намезанад, -қатъӣ ва боваринок гуфтам нахустин бор. Кадом қувваемаро мадад мекард аз ғайб.

-Дар ин хона дигар ҳеҷ гоҳ касе дашном намешунавад. Ҳеҷ кас дигар таҳқир намебинад! - такрор ба такрор фиғон мекашидам бехудона.

Бехабар аз он ки Муҳибаю Сарафроз ва шавҳарам кайҳо бедор шуда хомӯшона ба ин саҳнаи ҳазин менигаристанд. Ҷуръат намуда нотарсона бори аввал рост ба чашми шавҳарам нигаристам. Омода будам ин лаҳза ба ҳар зарбае, ба ҳар муқобилияте. Ғайричашмдошт, ӯ гунаҳгорона сар поён афканд…

Оҳ модарҷон, маро бубахш, барои як лаҳза кӯтоҳақлӣ, барои як лаҳза беиродагиам. Шояд ин қудрати рӯҳи ту буд, ки мададгорам гашт. Сағира на тахт дорад, на бахт. Солҳои тулонӣ чашидам талхобаи ин суханро. Лек танҳо ҳамин рӯз фаҳмидам, ки кувваи илоҳӣ бузургтар будаст аз ҳама. Фотиҳаи ҳар бахту ишқ аз хосту фармоиши ӯст. Ба хотири бахти фарзанд зистан ҳам бахти хосае будаст аз инояти Худованд. Субҳи нав медамад софу мубарро.

Қасам ба рӯҳи поки ту, модар, зиндагиро аз сар дӯст хоҳам дошт. Дастам бигир…
Муқаддаси ту"

Таснифи САБРИН
(мавод аз бойгонӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД