Arzon march 2024
Саидмурод Давлатов бо Умеда Парсаева рақобат мекунад?
588


Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар 15 самти фаъолияти блогерӣ сабқати “Блогери сол”-ро барои соли 2023 баргузор кунад.

Тибқи иттилои масъулин, дар ҳар номинатсия 5 блогери беҳтарин интихоб шуда, аз миёни онҳо яке барандаи номинат мешавад. Номинатсияҳо дар самти эҳсонкорӣ, пухтупаз, зебоӣ, омӯзгорӣ, ҳунармандӣ, панду насиҳат, ҳаҷв, вайн, чеҳраи сол ва амсоли ин интихоб шудаанд.

Ба рӯйхати блогерони муваффақ, ки ба тарафдориашон овоз дода мешавад, теъдоди зиёди чеҳраҳои машҳури ютубу инстаграм, чун Фариддун Сафаров, Ғолиб Мусоев, Некру Худойбердиев, Нодира Мазитова, Хуршед Сатторов, Фаррух Ҳасанов, Беҳрӯз Шарифӣ, Солеҳин ТВ, Мавзунаи Ҷовид, Абдулло Шарипов, Саъдӣ Тоирзода, Диловар Сафаров, Саидмурод Давлатов, Рафаэл Гулов, Умеда Парсаева, Дилноз Раҳимӣ, Фаррух Сангинов ва дигарон дохил шудаанд.

Ҳаводорони ин блогерҳо метавонанд тариқи исроли смс-паёмак нафари арзандаашонро дар самти худ муайян кунанд.
Гуфта шудааст, ки маросими ҷоизасупорӣ 27 декабр дар Кохи Суруш доир мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД