arzon replenishment
САИДАИ СИРОҶИДДИН АЗ ГУМ ШУДАНАШ ДАРАК ДОД
09.08.2020
ОИЛА
2416

 

Саидаи Сироҷиддин, овозхони 31-сола ва тӯли солҳои охир кампайдои тоҷик бо клиптаронаи ҷадид аз худ дарак дод. Суруд “Шербачаи Данғара” ном гирифта, клипи он дар манзараҳои зебои ноҳияи Данғара рӯи навор омадааст.

Матни шеърро Дӯстмурод Ҳасанов навишта, онро ҳаҷвнигор Ҳасани Чилла ба риштаи оҳанг кашидааст. Дар навор дида мешавад, ки овозхон ҳомиладор аст ва барои пӯшонидани ҳомиладориаш, либосҳои васеъ ба бар кардааст. Корбаре дар зери навор навиштааст, ки Саида аллакай таваллуд кард ва ба писараш Мусаввир ном ниҳодааст. Саидаи Сироҷиддин низ чун дигар санъаткорони тоҷик дар бораи ҳаёти шахсиаш ҳарф задан намехоҳад ва чанд сол қабл, дар замони авҷи шӯҳраташ тарки саҳна карда буд.

Он замон овозаҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё Саида шавҳар кардаасту ҳамсараш дигар намехоҳад, ки ӯ дар саҳна ҳунарнамоӣ кунад. Овозхон бори аввал дар синни 17-солагиаш бо суруди “Ана, гул боғи ба боғ” рӯйи саҳна омада буд ва дар муддати кӯтоҳ бо рақсҳои ҷаззобу ҳаракатҳои мафтункунандааш доираи мухлисонашро пайдо кард. Он вақтҳо зуд-зуд клипу сурудҳои худро нашр мекард ва дар ин мобайн як муддат аз саҳна канор рафт. Солҳои охир дар як сол ҳамагӣ ду-се суруд нашр мекунаду халос. Саида дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, бо кӯмаки модараш номи худро дар шоу-бизнеси тоҷик ҷой кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД