Arzon march 2024
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба бинои нав мекӯчад
666

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор додааст, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина худдорӣ намоянд.

Ин ниҳод, ҳамчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш кардаастд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд.

Сафорат таъкид кардааст, ки барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Спутник Тоҷикистон" аз қавли як Вазорати корҳои хориҷии кишвар навишт, ки акнун меҳмонхонаи маъруфи "Тоҷикистон" дар Маскав ("Гостевой дом") ба бинои нави Сафорати кишвар дар Русия табдил меёбад.

"Сафорати кишвар дар Русия, ки солҳои сол дар Маскав дар кӯчаи Гранатний переулок буд, акнун ба бинои Меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон, ки дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская, кӯчаи Чаянов бино 3 қарор дорад, кӯч мебандад", - навиштааст ВКХ Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷҷи Тоҷикистон зимни сафараш ба Русия баъд аз музокирот Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистонро имзо кард.

Қобили зикр аст, ки мавзӯи моликияти дипломатӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар рӯзномаи музокироти дуҷониба қарор дошта, ҳатто роҳбарони ду давлат низ ин масъаларо баррасӣ карда, гуфтушунидҳои баъдии ҳайатҳо таҳти роҳбарии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон идома ёфтааст ва дар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ акнун бинои Сафорат нав мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД