Sebiston new 2024 october
Сафорати ИМА “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ”-ро дастгирӣ мекунад
1399

 

Аз 18-ум то 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” ҷашн гирифта мешавад.

Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ки он 18-уми ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Марказхои Амрикои (American Spaces), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази Фарҳангии Бохтар, Сафорати Британияи Кабир, ташкилоти ҷамъиятии Пешрафт, Илмхона, Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад ва Дафтари миллии Эразмус+ иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули таҳсили байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд. Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД