Ба ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қаҳрамони олимпӣ ва гурзандоз Дилшод Назаров унвони фахрии Сафири ҳусни нияти СҲШ дода шуд.
Супоридани ботантанаи унвон дар зиёфат ба муносибати 22-юмин солгарди таъсиси ин созмон сурат гирифт. Ба ҷуз аз ин варзишгар ин унвон ба раиси Академияи санъати Ӯзбекистон Акмал Нуридинов низ дода шуд
Бояд гуфт, ки дар зиёфат зиёда аз 200 нафар: сардорони намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои "оила"-и СҲШ, намояндагони доимии давлатҳои аъзо, кормандони сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар Чин иштирок доштанд.
Дабири кулли СҲШ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо санаи таърихӣ табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки сафирони мазкур нуфузи худро барои таблиғи созмон дар байни ҷомеа ва ҷалби бештари истеъдодҳо ва мутахассисон истифода хоҳанд кард.