Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар гуфт, ки яке аз сабабҳои гаронии билети ҳавопаймо ба Душанбе, қимати баландтари сӯзишвории авиатсионӣ дар ин шаҳр аст.
Ӯ дар саҳифаи Facebook навиштааст, ки “дар Душанбе ҳоло гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад, ки ин мустақиман ба қимати билетҳои ҳавопаймо таъсир мерасонад”.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад. Дар ҳамин ҳол, ширкати “Somon Air” дар Истанбул ҳамон миқдор сӯзишвориро бо 930 доллар дастрас менамояд.
“Агар нархи сӯзишвории ҳавонавардӣ дар Душанбе поин бурда шавад, билети ҳавопаймо низ арзон хоҳад шуд”,- таъкид кардааст Аҷар.
Ӯ афзудааст, ки мақомоти Тоҷикистон аллакай нархи хидматрасониҳои мухталифро дар фурудгоҳи Душанбе кам карданд, ки ин билети ҳавопаймоҳоро андаке арзонтар кардааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сафир, барои поин бурдани ҷиддии нархи билетҳо зарур аст, ки сӯзишворӣ арзон гардад.
Ҳамчунин, Сафири Туркия хабар дод, ки аз моҳи августи соли ҷорӣ парвозҳои “Turkish Airlines” миёни Истанбул ва Душанбе то панҷ маротиба дар як ҳафта зиёд шудаанд.