Имрӯз, 25-уми октябр, ба муносибати 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия дар бинои Сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои мухталифи кишвар ширкат намуданд.
Дар оғози нишаст Умут Аҷар иброз дошт, ки ӯ аз моҳи феврали соли равон вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва нахустин нишасти кушод ва васеъро баргузор мекунад.
Ӯ таъкид кард, ки адо намудани вазифаи Сафири Туркия дар Тоҷикистон барояш боиси ифтихор ва шарафи махсусест ва тӯли адо намудани ин вазифа дар Тоҷикистон кишвари худашро дар ин ҷо муаррифӣ карда, ҷиҳати рӯнамоии бештари Тоҷикистон дар хориҷа саҳмгузор хоҳад буд.
“Ҳамроҳи оилаам худро дар Тоҷикистон ҳамчун дар хонаи худ ҳис мекунам. Тоҷикистон кишвари хеле зебо буда, мардумаш нақлҳои аҷиб доранд. Худо хоҳад дар як нуқта ҳамроҳи шумо бо забони худатон суҳбат хоҳем кард”, - қайд кард Сафир.
Ӯ зикр кард, ки соли 2023 барои мо соли хеле муҳим аст. Ин ҳам 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия. То эълони ҷумҳурият мардуми онҳо фақир ва саводнокии аҳолӣ тақрибан 5% буда, иқтисодиёти кишвар асосан ба кишоварзӣ такя мекард ва 70%-и аҳолӣ деҳқон буда, 80%-и мардум дар деҳот зиндагӣ мекарданд ва дар кишвар саноат нокифоя буд.
“Бо таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия, саннаи 29-уми октябри соли 1923, ислоҳоти пай дар пай гузаронида шуд. Мардум дар идораи давлат ҳуқуқи сухан карданро ба даст оварда, ба хонумон ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доданд ва занҳоии турк дар соли 1934 ҳуқуқҳои сиёсии худро ба даст оварданд. Ҷумҳурият Туркияро, ки ҳамагӣ дорои 13 млн. нафар аҳолӣ буда, дар тамоми соҳаҳо пош хӯрда буд, ба як кишвари дорои 85 млн. нафар аҳолӣ ва яке аз 20 кишвари дорои иқтисоди бузургтарини ҷаҳон табдил дод”, - афзуд Умут Аҷар.
Сипас, Сафир доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Туркия дар ин 100 сол дар ҳамаи соҳаҳо ибрози андеша намуда, дар фарҷоми нишаст ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд.
Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Дар самти рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 11 нишасти Комиссия дар шаҳрҳои Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.
Намунаи олии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия ин бунёд ва ба истифода додани Корхонаи муштараки банду баст ва истеҳсоли автобусҳои “Акиа Авесто индастри электроникс” мебошад, ки дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд.
Ин коргоҳ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ автобусҳои мусофирбар истеҳсол менамояд, ки айни замон дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.
Дар ин баробар, ифтитоҳ ва фаъолияти хуби Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани "КОКА КОЛА" низ самараи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия арзёбӣ мегардад ва имрӯз ин коргоҳҳо дар рушди истеҳсолот ва бахши саноат ҳиссаи чашмрас доранд.
Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки ба номи мутафаккири бузург ва шахсияти ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобастагии зич дорад.
Дар маҷмӯъ муносибатҳои Тоҷикистону Туркия хеле хуб роҳандозӣ шуда, ҳамасола дар ҳоли густариш мебошанд.