arzon replenishment
"Сафина" дар бораи бабри барфӣ ва қутос филм гирифт
429

 

“Телевизиони Сафина” дар ҳамкорӣ бо ширкати телевизионии “Намо” филми нави бадеиро бо унвони “Мелодия” (Наво) ба навор гирифт, ки дар сатҳи хеле баланди касбӣ офарида шудааст. Дар ин бора Карими Азиз, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки филми мазкурро коргардонҳои маъруфи эронӣ таҳия намуда, он ба тамоми талаботҳои синамои муосири ҷаҳон ҷавобгӯй мебошад. Коргардон нақша дорад, ки ин филмро ба дарёфти баландтарин ҷоизаи байналмиллалӣ дар бахши синамо “Оскар” пешниҳод намояд.

"Дар баробари таҳияи барномаҳои гуногуни фарҳангию ҳунарӣ "Сафина” бо мақсади тарбияи маънавии ҷомеа дар ҳамкорӣ бо коргардонҳои маъруфи дохиливу хориҷӣ филмҳои бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва ҳуҷҷатӣ меофарад. “Мелодия” самари чунин ҳамкориҳо буда, муттахассисони соҳаи синамо ба ин филм баҳои хеле баланд доданд. Филми дигаре, ки месазад дар борааш бо ифтихор ҳарф зад, маҳсули эҷоди коргардони маъруфи тоҷик Усмон Юсупов “Ситора”мебошад. Филми мазкур дар жанри филмҳои кириминалӣ офарида шудааст ва рӯзҳои наздик тариқи “Телевизиони Сафина” манзури дӯстдорони филмҳои моҷароҷӯёна мегардад”-гуфт Карими Азиз.

Мавсуф ёдрас намуд, ки роҳбари “Телевизиони Сафина” Носир Саидов, парвардаи мактаби бузурги синамо ва яке аз коргардонҳои хеле маъруф ва боистеъдоди тоҷик ба шумор меравад, бинобар ин, аз нигоҳи эҷодӣ дар таҳияи филмҳо ин шабака мушкиле надорад.

Дар баробари филмҳои бадеӣ "Сафина”, ҳамчунин, филмҳои ҷолиби кӯтоҳмуддат ва ҳуҷҷатиро ба навор мегирад. Аз ҷумла, дар бораи олами вуҳуши Тоҷикистон ду филми хеле ҷолиб офарида шуданд, ки яке “Бабри барфӣ” унвон дошта, аз ҳаёти ин даррандаҳои нодир, ки дар баландкӯҳҳои кишварамон зиндагӣ мекунанд, нақл мекунад. Филми дигаре, ки фарогири ҳамин мавзӯъ мебошад, дар бораи қутосҳо ва мутобиқшавии ин ҷонварон ба муҳити Тоҷикистон қисса мекунад.

Дар маҷмӯъ дар шаш моҳи соли равон “Телевизиони Сафина” 1332 барнома таҳия намудааст. ТВ "Сафина” 54 барномаи доимӣ дорад, ки панҷтои он лоиҳаҳои нав мебошанд. “Фазо” “Дар деҳа”, “Хотираҳо, “Ганҷур” ва “Давр” аз зумраи лоиҳаҳои нави ин шабакаи маъруфи телевизионӣ мебошад.

“Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ,аз ҷумла дар ютуб ва фейсбук саҳифаҳои худро дорем.Танҳо дар се моҳи охир дар ютуб-канали ТВ "Сафина” ҳудуди 4000 нафар обуначиёни нав пайдо шудаанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки “Телевизиони Сафина” тамошобини худро дошт, дорад ва шумораашон торафт бештар мешавад”-гуфт ин масъули шабакаи телевизионӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД