Имрӯз, 3-юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонии Самарқанд сафар намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.
Ҳадафи сафари Сарвари давлати тоҷикон ба Самарқанд иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” мебошад.