Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сангвор сафар намуда, бо масъулин ва фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Бо иштироки Сарвари давлат дар Сангвор чандин иншооти нави замонавӣ ба истифода дода шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ - Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд ва ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар муддати қариб як сол бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад.
Муҷассамаи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён - Шоҳ Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд сохта шудааст. Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор 5,3 метр буда, дар умум бо таҳкурсӣ ба 9 метр мерасад. Дар ду паҳлуи муҷассама тандиси ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии гулгашти Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 47 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ аз тарафи бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии “Офиятбахш” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Бунёди фаввора, насби нишастгоҳҳо ва масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъи сабзкоришуда аз ҷумлаи корҳои дигари ободонӣ дар ин мавзеъ мебошанд. Бо бунёди иншооти мазкур барои сокинону меҳмонони Сангвор боз як мавзеи хуби истироҳату фароғат муҳайё гардид.
Пешвои миллат дар Сангвор ҳамчунин бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2019 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, бино дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардида буданд.
Бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор 10 ҳуҷраи корӣ ва 44 ҷойи нишаст дошта, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 100 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад. Бино ҳамчунин дорои китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад. Дар ошёнаи сеюми бинои маъмурӣ меҳмонхонаи хурд дар 3 ҳуҷра таъсис дода шудааст. Бинои навбунёд бо гармидиҳӣ таъмин гардидааст. Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад. Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун, аҳли маорифи ин ноҳияи баландкӯҳ имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 3 муассисаи томактабӣ, 21 маркази инкишофи кӯдак, 44 бинои нави мактаб ва биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳоло дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5 ҳазору 176 нафар хонанда фаъолият дорад. Қариб 50 дарсади кормандони Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангворро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, ки 11 нафарашон духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 200 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Бинои меҳмонхона ва маркази савдо аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои навбунёд мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор ҷойгир аст. Дар маркази хизматрасонӣ пардохт тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Ошёнаҳои сеюму чоруми бино пурра барои меҳмонхона пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюми бино қабулгоҳи сайёҳон, ҳуҷраҳои хоб ва толори гузаронидани семинару машварат ҷойгир аст. Ошёнаи чорум пурра аз ҳуҷраҳои хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар меҳмонхонаи “Сайёҳ”, ки аз ҷониби соҳибкор Осим Сафаров сохта шудааст, 10 ҳуҷра бо 15 ҷойи хоб мавҷуд аст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад.