Arzon march 2024
Сағераи калон кардаам маро аз хона ронд
18.07.2022
ОИЛА
1974


Вақте ба хонаи шавҳарам қадам ниҳодам, парастории ду додару як хоҳари ятимаш бар дӯши ӯ буд. Ман он вақт ҳамагӣ 19 сол доштам ва ба қавле худам ҳам ҳанӯз кӯдак будам, вале бо маслиҳату насиҳати модарам парастории хоҳару додарони бе падару бе модари шавҳарамро ба зиммаи худ гирифтам.

Зиндагиамон бениҳоят душвор буд, худам нахӯрда онҳоро мехӯрондам, худам напӯшида, ба онҳо либос мехаридам, то ятим ва бе парастор буданашонро ҳис накунанд. Бо мурури замон бародарони шавҳарам мактабро хатм намуданд ва бо кӯмаки ману акаашон ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гаштанд, хоҳаршӯямро бошад, дар ҳамсоягӣ ба шавҳар додем. Шавҳарам барои беҳдошти зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, зеро мо аллакай соҳиби 4 фарзанд гашта, бо шумули додаршӯйҳоям як оилаи калон будем.

Аз рафтанаш ҳанӯз 4 моҳ нагузашта, ҳевари калониям аз дастам кашолакунон маро то дами дарвоза оварду гуфт: “Худо медонад, ки акаам кай бармегардад. Ман нону оши зиёдатӣ надорам, ки ба туву бачаҳоят диҳам. Баромада рав, агар шавҳарат зиндаю саломат баргашта суроғат кунад, меоӣ, агар не, ман барои шумо сағерабон нестам!”

Хуллас, оби дидаам дар бари рӯ чор фарзандамро гирифта ба хонаи падарам баргаштам. Шавҳарам тез-тез занг зада, маро дилбардорӣ мекунад, ки ғам нахӯрам, вале суханони нешдори додаршӯямро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Магар ман бо ҳамин умед 10 соли дароз сағерабонӣ карда будам, ки рӯзе сағераҳо калон шуда, маро аз дар берун намоянд?! Фардо акааш аз Русия сиҳату саломат баргардад, додаршӯи беандешаам чӣ тавр ба рӯйи ӯ нигоҳ мекарда бошад?!
Омина

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД