Нафиса, хушдомани Зулола аз ғами фарзандонаш бемор шуд. Ӯ келинашро ҷеғ зада гуфт:
-Зулола духтарам, умри ман ба поён расида истодааста, аз ҳамин хотир аз фурсат истифода бурда аз ту узр пурсидан мехоҳам. Ту бароям келин не, балки духтари азизам гаштӣ, вале манибеандеша ба ту некӣ мекунам гуфта, сари туро бо писарам як кардаму ҳаётатро талхтар гардонидам. Зулолаҷон, зиқ нашав, ман вақте ба он дунё меравам, аз Худованд тақозои ҳидоят кардани писарамро менамоямм. Духтарҷонам, ба ту ҳар ду писарамро амонат супоридам, писари маъюбамро чӣ хеле, ки дар зинда будани ман нигоҳубин мекардӣ, ҳамон гуна парвариш кун. Бабур бош духтарам, меваи сабр ширин аст. Он боғе ки аз шавҳари ман мерос мондааст, акнун аз они туст. Меваи дарахтонашро фурӯхта зиндагиятро пеш бар...
Холаи Нафиса ин гапҳоро гуфту ҷон ба ҳақ таслим кард.
Рӯзи ҷанозаи хушдоманаш фиғони Зулолаи ҷигарсӯхта ба фалак дакка хӯрда буд, зеро ин кампири дилсоф мисли модар баӯ меҳрубн ва барояш бениҳоят азиз буд. Ҳамсояҳо омада ба Зулола ҳамдардӣ баён мекарданд ва хунборон мегиристанд...
ххххх
Аз байн солҳо гузаштанд. Шавҳари Зулола ҳамоно ғуломи арақ буд. Дар ин байн Зулола соҳиби як писар гашт. Вай насиҳату васияти хушдоманашро бо ду гӯшаш маҳкам гирифта буд ва аз рӯйи гуфтаҳои модаршӯйи раҳматиаш амал мекард. Дар замини калон, ки дарахтони мевадеҳ камтар шинонида буданд, ӯ сафи дарахтонро зиёд кард. Ҳар рӯз ба онҳо об медоду парвариш мекард. Баъди гузашти панҷ сол дарахтони нави шинондааш ҳам ба мевадиҳӣ сар карданд. Акнун Зулола аз фурӯши мева даромади хуб ба даст меовард. Як рӯз ҷавони сияҳқоше ба боғи Зулола омада гуфт:
- Салом.
-Салом. Харидор ҳастед? Ба Шумо мева лозим аст?
-Ман соҳиби ин боғам, чи хел мева лозим аст,-писханд зад ҷавон.
- Ин боғ аз хушдоманам ба ману шавҳарам мерос мондааст. Ман тӯли панҷ сол бо азобу уқубат онро парвариш кардаму ниҳолҳои нав шинонидам.
- Дуруст, замоне соҳиби боғ будед, акнун соҳибаш ман ҳастам, чунки шавҳаратон онро ба ман фурӯхт!
Ҳамин тавр меҳнати панҷсолаи Зулола бе ягон ранҷ ба дасти бегона гузашт. Ҷавони сияҳқош шавҳари Зулоларо ташвиқ кард ва ӯ хонаашро ҳам ба он ҷавон фурӯхадар ба дар гашт. Зулола кӯдаконашро гирифта ин ҷойҳоро тарк намуд ва ба Русия сафар кард. Акаи ақлан заиф ва ногирони шавҳараш дар муддати ду моҳ аз гуруснагӣ азият кашида вафот кард. Ҷавони маъюб пеш аз вафоташ ба забон омада Зулоларо таърифу тавсиф ва як умр аз ӯ миннатдор буданашро гуфт.
Ҳамин тавр тақдир ба инсонҳо монеаҳои бузурге мегузорад. Бояд шахс монеаҳоро ҳар қадар бузург набошанд ҳам, пушти сар намояд. Ва дар ростои ҳама мушкилот умедвору сабур бошад, зеро "поёни шаби сияҳ сафед" аст.