Духтарак саргузашти талхашро якояк ба ин марди ношинос қисса кард.
-Хоҳарам, маро бубахш, агар дар кӯча монда бошӣ, ҳамроҳи ман биё. Дар хона модарам танҳост. Ман як кӯчагард шудаам, ақаллан ту ба модарам ҳамроҳ мешавӣ. Як ака дорам, маъюб аст, модарам дар нигоҳубин кардани душворӣ мекашад. Ту ба модарам кӯмак карда мегардӣ. Розӣ ҳастӣ?
- Хуб акаҷон, - гуфт Зулола ашки чашмашро пок карда...
ххххх
Холаи Нафиса инсони хуб баромад. Ин зан ба Зулола мисли духтари худаш муносибат мекард, Зулола ҳам бо тамоми вуҷудаш кампирро дӯст дошта, хизматашро карда мегашт. Рӯзе кампир ба писараш, ки қариб ҳар рӯз масту аласт ба хона бармегашт, гуфт:
- Писарам, ту бо ин духтарак издивоҷ кун. Пагоҳ муллоро ҷеғ зан, ду килло биринҷро ош карда, саратонро ҷуфт мекунем.
-Модарҷон, ман ҳам дар дилам орзуву ҳавас дорам. Мехоҳам мисли дигарон тӯйи дабдабанок кунам.
- Гапат рост писарам, вале барои тӯйи бодабдаба пули калон лозим аст, ту бошӣ дар киссаат як пули пучак ҳам надорӣ. Бачаҷон, охир то кай ҳаимн хел дар кӯчаҳо масту аласт мегардӣ? Бин, чи хел духтари хуб аст, ғайр аз ин, одамон чӣ гумон мекунанд...
Хуллас, кампир писарашро розӣ кунонд ва ҳамин тавр Зулола ба он ҷавон ба шавҳар баромад. Акнун вай мисли арӯсакон либос пӯшида хизмати модаршӯяшро мекард, вале шавҳари майзадааш ҳамеша Зулоларо зери мушту лагад гирифта, мудом таъкид мекард, ки зан гирифта, талоқи ӯро медиҳад. Рӯзе Зулола тасдуфан марди ҳамсояашнро дида. аҳвол пурсид ва хоҳиш кард, ки ба падараш аз ҳоли ӯ хабар расонад.
-Амакҷон, илтимос ба падарам гӯед, ки якборакак ӯро дидан мехоҳам. Агар падарамро бубинам, дигар дар дилам армон намемонад.
Ҳамин замон шавҳараш омад ва бо ин мради ношинос гап задани занашро дида ба баногӯши Зулола торсакие зад. Марди майзадаву бадрашк ба Зулола, ки мехост кӣ будани мардро ба шавҳараш фаҳмонад, гӯш накарда, борони дашном ва ҳақоратро ба сараш мерехт.
- Назан бечораи духтарро, охир ӯ чӣ гуноҳ кард,-дилсӯзона гуфт мард.
-Э ту чӣ кор дорӣ?! Ман ин ҳаромгардро аз кӯча ёфтаам, хоҳам мезанам, хоҳам дашном медиҳам, хоҳам мекушам! Фаҳмидӣ!?-дод зад б ғазаб шавҳари Зулола
Ҳамсоямард дар ҷавоб чизе нагуфта, бо хотири ошуфта ба деҳа баргашт ва рост ба хонаи ҳамсояааш Носир, падари Зулола рафта, бо қаҳру ғазаб дарвозаро сахт-сахт кӯфт.
Носир аз хона баромад ва ваҷоҳати ҳамсояро дида пурсид:
-Ҳамсоя, тинҷи аст?! Ин қадар рангат кандагӣ, чи ҳодиса шуд?
-Ифлос ту ҳам ман одам гуфта гаштаӣ-а? Ба ту ҳам ба занат ҳам лаънат, ҳазор лаънат! Духтарат дар дасти бегонаҳо хору зор ва зери мушту лагат гаштаасту ту бошӣ... Э садқаи одам шав... Дар он дунё чӣ ҷавоб медиҳӣ нобакор. Мо аҳли маҳалла ҳам ба овозаҳои бардурӯғи шумо барин аблаҳҳо бовар карда гаштаем. Духтари бечораат аз ман хоҳиш кард, ки як маротиба туро бинад. Ҳамин вақт як марди сагсифат омаду ӯро лагадборон кард. Мани аблаҳ натавонистам ӯро аз чанголи он гург наҷот диҳам. Ту нобакор ба сари гул барин духтарат об рехтӣ. Бечора лухтар аз модар ятим монду дар дасти ту ва занат барин нобакорон хор гашт.
Ҳамсоя оби дидаашро пок карда аз хонаи Носир баромада рафт...
ххххх
Худи ҳамон рӯз аз ин хонадон ду ҷасад баромад. Виҷдони Носир ба ин тоб оварда натавониста ҳамсараш ва худашро куштааст. Шавҳари Зулола ӯро барои иштирок ба ҷанозаи волидайнаш нагузошт. Зулола дарди дилашро танҳо фурӯ мебурду халос. Дар ин муддат шавҳараш алкаши кӯча шуда монд. Дар ин миён Зулола аз ин марди майзада соҳиби ду духтар шуд. Вақте фарзанди сеюмаш дар батнаш пайдо шуд, шавҳараш аз шунидани ин хабар қариб девона шуда, дод зад:
- Ту аблаҳ то охири умр ҳамсари ман шудан мехоҳӣ?! Ту ғайр аз таваллуд кардан аз ӯҳдаи чи кор мебароӣ? Ман туро дар ду дунё ба худ ҳамсар намеҳисобам!
Шавҳари бадмасташ инро гуфту Зулоларо ба ду лагад ба замин парчин кард ва девонавор ба шикамаш задан гирифт. Бечора Зулола ба духтаронаш, ки аз гиря беҳол шуда буданд, бо раҳм нигариста беҳуш шуд...
(Давом дорад)