Formula novemver 2024
Сағерадухтар (қисми 1)
2987

Зиндагӣ бераҳм аст, ҳаргиз дилаш ба ашки сӯзону нолаву фиғони ҷигарсӯз ва зориву таваллои касони бадбахту сияҳрӯз намесӯзад. Зиндагии номард метавонад дар фосилаи як мижа задан сарнавишти инсонро куллан тағйир дода, аз тахти шоҳӣ ба кӯйи гадоӣ афканадаш. Гоҳо барои гузаштан аз монеаҳои бешумори аҷузаи зиндагӣ кас тамоми ҳастиашро фидо созад ҳам, оҷизӣ мекашад ва ба пастиву баландиҳои пайроҳаи ҳаёт тоб оварда наметавонад. Нафароне, ки иродаи худро аз даст дода, ба зарбаҳои зиндагӣ таслим мешаванд ба бадтарин амал, яъне худкушӣ даст мезананд.

Сахттарин имтиҳони зиндагӣ барои ҳар як инсон дар давраи кӯдакию наврасӣ аз навозиш ва меҳру муҳаббати волидон маҳрум гаштан аст. Албатта ҳастанд афроде, ки ба хотири пеши пойи дигарон хору зор нашудани фарзандонашн баъди вафоти ҳамсарашон дигар оиладор намешаванд ва умри худро ба танҳоӣ сипарӣ менамоянд, вале ин тоифа ангуштшумранд. Вой бар ҳоли фарзанд, вақте ки падар ё модар аз дунё гузашта ба дасти паиндар ё моиндар меафтад. Қиссаи навбатии мо аз ҳаёти духтараке гирифта шудааст, ки дар дасти модарандар хору зор гаштааст. Албатта бо нашри ин қисса мо тамоми падару модарони угайро бад карданӣ нестем, зеро ҳастанд паиндар ва моиндаҳои меҳрубоне, ки фарзандони бегонаро мисли фарзанди худ қабул намуда, дар ҳаққашон ғамхорӣ зоҳир менамоянд, вале чунин одамони фариштахислату биҳиштӣ кам андар кам во мехӯранд, зеро ангуштшуморанд.

хххххх

Ҳавои сарди зимистони қаҳратун ҷони Зулоларо ба мисоли модари ӯгай азоб медод. Ин духтараки 14-сола бо як куртаи тунук дар паси дари кампири рус оҳу фиғон карда менишаст. Дили кампир ба ин духтараки бечора сӯхта ӯро ҳамроҳи худ гирифт.

Зулола аз модарятим монда буд. Вақте падараш баъди вафоти ҳамсараш зан гирифт, ҳаёти духтаракро зулмат иҳота кард. Модари ӯгай ҳар рӯз ҷангу ҷидол бардошта аз падари Зулола талаб мекард, ки ятимдухтарашро зудтар ба ягон ятимхона супорад. Аввалҳо дили мард намешуд, ки фарзандашро бурда ба сағерахона диҳад, вале билохира аз пургӯиву ҷанҷолҳои зани наваш безор шуда, ночор Зулоларо ба хонаи бародараш бурда монд. Зулола он вақт ҳамагӣ 8-сол дошт ва намедонист, ки чи рӯзҳои сахту сангине ӯро дар пеш интизоранд.

Дар яке аз рӯзҳои наҳс писари 15-солаи амакаш ба духтараки бечора дастдарозӣ кард. Духтарча гириста-гириста воқеаро ба янгааш нақл кард, вале зани амакаш ба ҷойи дили ятимакро бардоштан Зулоларо аз хона ронд, то ки номи писараш бад нашавад.

- Ин гапро ба ягон кас хабар кашӣ, худат дар байни мардум шарманда мешавӣ ва ҳаётатро барбод медиҳӣ, -таҳдид кард янгааш вақти аз дар берун кардани ятимдухтар.
Зулолаи бечора боз танҳо монд. Дар кӯча мондани духтаракро ҳамсояҳо фаҳмида ба падари Зулола гуфтанд:
-ҳей мардак, ту виҷдон дорӣ ё не?! Арвоҳи ҳамсари раҳматиат дар кӯча мондани фарзандашро дида дар қабраш рост мехезад, охир ягон кор кун! Наход аз ӯҳдаи як кӯдак баромада натавонӣ! Ҳайф бар ту, ҳайф...
Ҳамин тавр аз шарми мардум падараш Зулоларо дубора ба хона овард, вале духтарак акнун дар манзили худашон мисли канизак буд. Моиндари золимаш бо ҳар баҳона ӯро ҷанг карда, бераҳмона лату кӯб менамуд, аммо духтарак лабашро зери дандон гирифта ба касе чизе намегуф. Шабҳо духтараки бечора дар як хоначаи нимвайрона, ки дар як кунҷаки ҳавлӣ сохта шуда буд ва аз хона дида бештар ба амбор шабоҳат дошт, тани танҳо мехобид. Падари Зулола аз тарси зани шаттоҳаш ба духтараш либос ё гӯшвору гарданбанд харида наметавонист. Зани дуюмаш ӯро чунон ғулом карда буд, ки бе иҷозати вай як қадам ҳам намегузошт.

Зулола ҳамеша либоси ҷанда пӯшад ҳам, бениҳоят зебо буд ва мисли тангаи заррини дар байни хоку лй афтида ҷило медод. Янгааш барои он ки баъди 3-4 сол ба Зулола хостгор баромада сирри ӯ ва писараш фош нашавад, бо умеди нест кардани духтарак модарандари ӯро ба хонааш таклиф карду гуфт:

- Ассалому алайкум, авсунҷон, хуб ҳастед? Ман то худам шуморо ҷеғ назанам намебиёед-а?

-Корамон бисёр-дия аасунҷон, акнун аз мо гила намекунед! Ман мудом ба вай ятимча кор фармуда наистам, аз пеши худ ягон корро намекунад. Духтар ине, як бало аст, бало!

-Ҳм, модараш ҳам худаш барин зани танбал буд. Ягон корро намекард. Зулола ба модараш рафтааст-дия! Ин ятимдухтар шири аз модар хӯрдаатонро аз чаки биниатон мебиёрад. Аллакай духтари қадрас шудааст, хубаш аз пайи аз хона нест кардани ин ятимча шавед, набошад фардо тамоми саропои арӯсиаш ба гардани шумо бор мешавад...

- Нест кардан....

( Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД