Моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки экспедитсия аз Федератсияи Русия оғоз ёфта, тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Хатсайрҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ маҳз бо мақсади ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегарданд.