Ба хотири қурбониёни Ҳироти Афғонистон видео-клипи худро, ки омодаи пахш буд, ба қафо гузоштем. Ҳамчунин эълонҳои консерти худро каме ба ақиб гузоштем ва хостем, ки ин чизҳоро пахш накунем, ба хотири шаҳидҳои гузашта. Ҳарчи қадар шумо саҳм бигиред, ҳамон қадар мову шумо метавонем, ба ин ҷабрдидаҳо кумаки худро расонем.
Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи маҳбуби тоҷик, ки солҳои охир дар Канада ба сар мебарад, дар муроҷиати видеоии худ ин нуқтаро иброз намуда, илова мекунад, ки чанд рӯз пеш дар сарзамини Афғонистон, Ҳироти бостонӣ заминларза рух дод, ки бисёр азизони диламонро аз даст додем. Аз номи худ ва тими кориам ба ҳамаи хонаводаҳое, ки наздиконашонро аз даст доданд, тасалият мегӯям.
Дар идомаи суҳбаташ, мегӯяд, ки “бо Шикебҷон Раҳмонӣ, менеҷери худ, ки барномагузори консертҳои мост, тасмим гирефтем, ки маблағҳое, ки аз фурӯши чиптаҳо ба аст меорем, як миқдорашро ба мардуми ҷабрдидаи Ҳирот мерасонем. Дуо мекунем, ки дигар ҳеҷ гоҳ ғам ба даргоҳашон роҳ наёбад. Азизоне, ки ба консерт меоед, дар баробари он ки мусиқии хуб мешунавед, дар ин кори хайр саҳмгузор мешавед. Умедворам ҳамаи шумо азизонамро дар он шабу рӯз дар канори худ мебинам.”
Дар қисмати дуюми суҳбати видеоии худ хабар додааст, ки ширкати бузург дар самти хайриявӣ бо мо як иттиҳодия бо ҳунармандони азизи Афғонистон пайваст шуда, тасмим гирифитем, ки аз фурӯши ҳар як чипта 5 эвро ба ҷабрдидаҳои Ҳироти бостон мерасонем.
Ёдовар мешавем, ки Садриддини Наҷмиддин, сарояндаи саршиноси тоҷик буда, аввалин сарояндае буд, ки санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва роҳеро ба дигар ҳакасбони худ кушода кард.