Arzon march 2024
САДБАРГ ЯК СОЛ СЕТАЛОҚА БУДАНАШРО ПИНҲОН КАРДУ...
15.11.2020
Р. Азимӣ
8443

Зиндагии осудаи Садбарг аз рӯзе, ки хоҳарони шавҳараш хонаҳои худро тарк карда, ба хонаи падарашон баргаштанд, рӯ ба табоҳӣ овард. Хоҳарони шавҳар, ки аз зиндагии оилавӣ дилозурда буданд (якеро шавҳараш талоқ дода буду шавҳари дигарӣ дар Русия бе ному нишон шуда рафт) аз ҳама чиз норозӣ буда алами Исоро аз Мӯсо мегирифтанд.

Ба ҳар кори янга эрод мегирифтанд, аз ҳар гапи ӯ агар ба кӯдаки худаш гуфта бошад ҳам, меранҷиданду ғавғо меранҷанду ғавғо мебардоштанд.

Оқибат корд ба устухон расид магар, ки дар вақти муноқишаи навбатӣ, ки хушдомад ҳам шарик шуда буд, шавҳари Садбарг сари қаҳр якбора се талоқ гуфту ба зиндагии онҳо хати батлон кашид.

Садбарг, ки он шабу рӯз ба фарзанди сеюм ҳомиладор буд, аз кори шудагӣ ба аҳли оилаашон хабар надод, бо кадом умеде дар ҳавлии шавҳар монд. Вале баъди таваллуди фарзанд янгаҳояш ба хабаргирӣ омаданду аз воқеа огоҳ шуда хабарро ба модару бародараш бурданд. Бародараш сари қаҳру ғазаб ба хонаи хоҳараш омаду ба ҷои салому алек шапотие ба баногушаш зада, тифли серӯзаашро ба хушдоманаш “маҳ, акнун худат нигоҳ кун” гуфта дод ва Садбарги гирёну нолонро гирифта ба хонаи худаш овард.

Хушдоману шавҳараш рӯзи дигар ҳар се кӯдакро гирифта оварданд, ки онҳоро нигоҳубин карда наметавонем, вале бародар аз аспи ҷаҳл нафаромад. “Хоҳари ман ба шумо лозим набошад, фарзанди шумо ҳам ба вай лозим нест” гӯён кӯдаконро намонд, ки бо модарашон бошанд.

Оқибати ҷанҷол ба он анҷомид, ки падару бибӣ қасам хурданд, ки дигар рӯи фарзандонро нишон нахоҳанд дод. Кӯдаконро гирифта рафтанд.
Модари бечора дар байн ҳайрон монда буд. Пистонҳои пур аз шир варамида азоб медоданд, худаш ҳануз баъди таваллуд ба худ наомада буд, ки ба сараш ҳамаи ин корҳо омаданд. Шабона дар гушаш садои тифли навтаваллуд шудааш садо медод ва оҳиста аз хона баромада роҳи ҳавлии шавҳарашро, ки дар деҳаи ҳамсоя буд, пеш гирифт. Оҳиста ба назди тирезаи хонаи хоби хушдоманаш омада ба дарун нигоҳ мекард, ки тифлаш хоб аст ё бедор, сер аст ё гурусна.
Чанде менигаристу боз ноилоҷ бармегаш ба сӯи хонаи бародараш.

Оҳиста-оҳиста атрофиён ҳис карданд, ки Садбарг хаёлӣ шудааст. Акнун ӯ баъзан рӯзона баромада дар байни саҳрои пахта роҳ мерафт ва берабту номафҳум сухан мегуфт.

Аҳволи ӯ бародарашро ба ташвиш овару аз паи табобат шуд. Аввал дар назди мулло хуб хононданд аммо чандон фоида накард. Ба шаҳри Душанбе ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ оварданд. Баъди табобати дурӯдароз саломатиаш андаке барқарор шуд аммо духтурон таъкид карданд, ки то кӯдаконашро бар нагардонед ба пуррагӣ хуб намешавад.
Баъди аз бемористон баргаштан янгаҳояш бо ҳар роҳ кӯдакони калониашро аз хонаи бибиашон дӯздида, оварда ба дасташ медоданд то андаке бошад ҳам осуда шавад.

Вале гиреҳи зиндагии нокушода. Шавҳараш сари калобаашро гум кардааст.Хушдоман аз карда ҳазор бор пушаймон аст, вале кор аз кор гузаштааст. Бародари Садбарг аз ҳоли зори хоҳараш дилхун аст, вале қудрати ислоҳи корро надорад. Лекин бечоратарини онҳо Садбаргу тифлони ӯянд, ки аз ҳам ҷудо шудаанд.

Аз Идора:
Ин воқеа дар яке аз деҳотҳои ноҳияи Панҷ рӯх додааст. Барои ба иззати нафси наздикони Садбарг нарасаданд, мо номҳоро махфӣ нигоҳ доштем.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД