Имрӯз, 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, соли гузашта дар Тоҷикистон 1 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар натиҷа 643 нафар ҷон бохта, 1 542 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тавре таъкид гардид, нисбат ба соли 2024, ки 1 233 садама ва 552 ҳалокат сабт шуда буд, афзоиши назаррас ба мушоҳида мерасад.