Замоне ҷавонмардон соҳиби мошин шуданро орзӯ мекарданд, зеро мошин доштан як нишонаи қудратмандии мард ба шумор мерафт. Мардон дилбохтаи автомобил буда, кӯшиш менамоянд, ки бо кадом роҳе набошад, соҳиби мошин шаванд.
Албатта як дастёри бе миннат буда, натанҳо соҳибашро ба сонӣ ба манзили мурод мерасонад, балки дар пешбурди рӯзгор низ кӯмак мекунад, вале баъзан ин “аспи оҳанӣ” ба сари соҳибаш фалокатҳои азимро оварда метавонад. Ҳодисае, ки дар шаҳри Душанбе-Бохтар ба вуқӯъ пайвастааст, далели равшани ин гуфтаҳост. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда ҷон аз даст дод.
Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон бо марги ронанда анҷомид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 6-уми июл, тахминан соати 11:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки садамаи маргбор зимни ҳаракати ронанда аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Бохтар ба вуқӯъ пайвастааст.
Захмӣ шудани як шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи садамаи калон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
Ронандаи худрави “Деу-Сиело”, Х.Э.С сокини 61-солаи ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон дар ҳудуди деҳоти С.Айнӣ, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст.
"Дар натиҷа ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.