17-уми сентябри соли 2026 тақрибан соати 12:05 дар километри 175-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон садамаи нақлиётии маргбор рух дод.
Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор, ронандаи автомашинаи «Hyundai Elantra» Давлатов Толибҷон Грезович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат ба самти муқобили роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Дар натиҷа мошини ӯ бо автомашинаи боркаши тамғаи «Mercedes-Benz», таҳти идораи Довудзода Абдулло Довуд, соли таваллудаш 1993 бархӯрдааст. Бар асари ин садама мусофири «Hyundai Elantra» - Абдуллоев Маҳмадраҷаб Раҷабович, соли таваллудаш 1996 ва муҳаррири Телевизиони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин мусофирони дигари автомашинаи «Hyundai Elantra» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, барои гирифтани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд.