Arzon march 2024
Сад зани бонуфузи дунё дар соли 2022
1153


Мувофиқи анъанаи ҳарсола нашрияи "Forbes" 100 зани бонуфузи ҷаҳонро дар соли 2022 эълон кард. Ба навиштаи ин нашрия бонуфузтарин зани ҷаҳон дар соли 2022 Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен аст.

Маҳсо Аминӣ, ки маргаш боиси эътирозҳо дар Эрон шуд, низ ба ин феҳрист шомил шудааст. Дар ин бора сомонаи Кун.уз дар истинод ба манбааш иттилоъ медиҳад.

Нашрия "Forbes" раддабандиро аз рӯи 4 шарт: сарват, ВАО, самаранокӣ ва таъсир, занҳои муваффақро муайян намудааст.

Мақоми аввал
Урсула фон дер Лейен, ки соли 2019 ба курсии раёсати Комиссияи Аврупо омада буд, дар як вазъияти душвор - пандемияи коронавирус ва ҳоло дар вазъи ҷанги Русияву Украина раҳбарӣ мекунад.

Урсула фон дер Лейен фонди солонаи 300 миллиард долларро идора карда, барои ба даст овардани консенсус бо раҳбарони 27 кишвари Аврупо бо 450 миллион аҳолӣ кор мекунад.

Дар феҳристи соли гузаштаи Forbes раиси Комиссияи Аврупо дар ҷои ҳаштум қарор дошт.
Урсула Фон дер Лейен модари 7 фарзанд буда, аз рӯи ихтисос духтур аст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун табиб дар Олмон оғоз кардааст.

Ин зан то 40-солагиаш аслан ба сиёсат дахолат накардааст. Кариераи сиёсии раиси Иттиҳодияи Аврупо аз кор дар идораҳои маҳаллӣ ва баъдтар вазири федеролии Олмон дар умури оила ва ҷавонон оғоз мешавад.

Урсула фон дер Лейен тавонист дар системаи тиббии педиатрии Олмон навовариҳои назаррас ворид кунад. Аз соли 2013 то соли 2019 вай ба ҳайси нахустин вазири дифои Олмон кор кардааст.

Дар ҳоли ҳозир вай нахустин занест, ки Иттиҳодияи Аврупоро раҳбарӣ мекунад.
Охирин зани бонуфуз дар рӯйхати Forbes
Ҷои охирини ин феҳрист ба Маҳсои Аминӣ ҳамчун рамзи ҳазорон зани эронӣ дода шудааст.

Вай ба ин рӯйхат ҳамчун намояндаи заноне шомил шудааст, ки барои ҳуқуқи худ мубориза мебурданд. Маҳсо Аминӣ як духтари 22-сола аст, ки дар Курдистони Эрон зиндагӣ мекард.

Маҳсо моҳи сентябри соли равон аз ҷониби полиси ахлоқ бо иттиҳоми либоспӯшии номатлуб зиндонӣ шуд.

Ба гуфтаи хонаводаи Аминӣ ва расонаҳо, ин духтар аз сӯи пулис латукӯб шуда, бар асари беҳушӣ ҷон додааст. Эътирозҳо, ки ба далели марги ӯ дар Эрон оғоз шуда буданд, то моҳи декабр идома ёфтанд.

Панҷгонаи беҳтарин
Ҷойҳои баъдӣ дар рӯйхатро раиси Бонки марказии Аврупо Кристин Лагард, ноиби президенти ИМА, Камала Ҳаррис, аввалин зани раҳбари ширкати General Motors Мэри Барра ва соҳибкорзани амрикоӣ Эбигейл Ҷонсон ишғол карданд.

Дар рейтинги соли гузашта кӣ дар ҷойи аввал буд?
Маккензи Скотт, ҳамсари собиқи бунёдгузори Amazon Ҷефф Безос, соли гузашта дар миёни 100 зани бонуфузи Forbes ҷои аввалро гирифта буд.

Дар солҳои қаблӣ, аз соли 2011 то соли 2020 дар раддабандии собиқ садри аъзами Олмон Ангела Меркел мақоми аввалро ишғол мекард.

Дар раддабандии имсола маликаи Элизабети 2-и Англия, ки ҳамеша дар раддабандиҳои қаблӣ шомил буд, шомил нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД