Сабзагул:
5-моҳ боз дар хонаи шавҳар дӯхтари бокираям
Ману апаҳоям бо хосту хоҳиши волидонамон ба шавҳар баромадаем. Зиндагии апаҳоям хуб набошад ҳам, аз тарси падар ва гапи мардум сари кафида зери тоқӣ гӯён, ба ҳамааш тоқат карда, чизе намегуфтанд. Ҳаёти талхи духтарҳои калониашон ба падару модарам дарси ибрат нашуда, маро ҳам ба як хеши худашон ба шавҳар доданд. Ман то рӯзи тӯй хабар надоштам, ки шавҳаршавандаам дар Русия зану фарзанд дошта, танҳо ба он хотир дар ин ҷо зан гирифта истодааст, ки баъди тӯй келин хизмати очаашро кунад. Аз рӯзи аввал муносибати сарди домодро дида эҳсос менамудам, ки заррае ба ман меҳр надорад, аммо гумон мекардам, ки шояд ягон беморӣ дорад ва барои ҳамин аз шарм аз ҳамхобагӣ мегурезад. Баъди як ҳафта аз авсунам фаҳмидам, ки шавҳарамро маҷбур оиладор кардаанд. Аз тӯямон 5 моҳ гузашта бошад ҳам, то имрӯз шавҳарам умуман бо ман наздикӣ накардааст. Чанд бор ба хонаи модарам баргаштанӣ шудам, вале хушдоманам бо насиҳатҳояш маро аз роҳ мегардонад. Мақсади ман аз навиштани саргузашти ғамангезам ҳамин аст, ки ба падару модарони дигар дарси ибрат шаваду фарзандонашонро бо дасти худ бадбахт насозанд. Ба шавҳарам бошад гуфтаниям, ки модоме дилу нияти бо ман зиндагӣ карданро надошт, чаро қабл аз тӯй саркашӣ накард? Барои чӣ пеш аз тӯй ақаллан як бор бо ман вохӯрда аз зан доштанаш маро огаҳ накард? Ман духтари зебо ва панҷ панҷаам ҳунар аст, вале бо касофатии ӯ баъди ба хонаи модарам баргаштанам, аллакай номам ба бевагӣ мебарояд ва дигар наметавонам бо ҷавони бе зан издивоҷ намуда, хушбахт гардам, зеро мардуми мо зани шавҳардида гуфта, ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд, ки ман ҳанӯз духтари бокира ҳастам.
Аз нақли шавҳар:
Дилам ба ёди Кристина гум мезанад
Ман дар Русия зану фарзанд доштанамро аз касе пинҳон накардааму намекунам. Занам рус бошад ҳам, аз зани тоҷик ягон камиву камбудӣ надорад. Маро дӯст медораду ҳурмату эҳтиромамро ба ҷо оварда, тори сар мекунад. Дар мусофират азоби бисёр кашида, маҳз бо шарофати дастгириву кӯмаки аҳли оилаи ҳамсари русам сарпаноҳ ёфтам, бар замми ин, ҳар моҳ ба хона маблағи хуб мефиристодам, аммо падару модарам зани руси маро ҳеҷ қабул кардан намехоҳанд. Бо зораву тавалло «зани тоҷик гир» гӯён, онҳо маро зӯран оиладор карданд. Модарам то рӯзи тӯй бо дили озурдаву хотири парешон гаштани маро бинад ҳам, баъди тӯй ҳамааш хуб мешавад гӯён, аҳамият надод. Наздиконам гумон карданд, ки зани тоҷик дили маро ёфта ба худаш моил месозад, вале ҳушу хаёли ман танҳо ба Кристинаи зебову соҳибҷамолам банд аст. Дилам барои фарзандони дӯстрӯякам гум мезанаду ҳар лаҳза мехоҳам ба мулки рус гурезам. Занам сад соли дигар дар хонаамон истад ҳам, ман бо ӯ зиндагӣ намекунам!
Маслиҳати равоншинос
Бародари азиз! Модоме мақсади бо ин духтар зиндагӣ карданро надоштед, чаро қабл аз тӯй масъаларо дар назди волидонатон кундаланг намондед? Шумо бо сустиродагиатон натанҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти духтареро, ки дар орзуи бахту рӯзгори ширин қадам ба кошонаи шумо гузоштааст, сиёҳбахт намудед. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ҳамаашро ошкоро ба волидонатон бигӯед ва ҷавоби занатро диҳед, то бахташро ёбад.